Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз санади нав имзо кардаанд


Сайидмӯъмин Ятимов ва Камчибек Тошиев. Акс аз музокироти моҳи май аст

Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки музокира миёни Қамчибек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар ва Саймӯъмин Ятимов, ҳамтои тоҷики ӯ, дар мавриди вазъ дар марзи ду кишвар анҷом ёфтааст.

Субҳи 4-уми июн ҷониби Қирғизистон гуфт, ки Тоҷикистон дар мавзеи баҳсӣ контейнер гузоштааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин минтақа хоки Тоҷикистон аст ва бар асоси созишномаҳои қаблӣ дар ин ҷо дидбонгоҳи сарҳадӣ гузоштаанд. Мақомоти қирғиз вазъро “муташанниҷ” унвон карданд ва раҳбари КДАМ-и ин кишвар ба ин минтақа сафар кард.

Мақомоти тоҷик дар бораи оғоз ва анҷоми музокира дар бораи рухдоди охир ҳеҷ хабаре нашр накардаанд, вале Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш ба журналистон гуфтааст, ки протоколе аз 8 банд ба имзо расонидаанд. Ӯ гуфтааст, ки ҷузъиётро дертар шарҳ медиҳад, вале ду ҷониб ба хулосае расидаанд, ки нерӯҳоро аз марз ба қафо мебаранд ва аҳолии наздимарзи Қирғизистон, ки аз деҳоташон берун карда буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд.

Ҷониби Тоҷикистон баcтани чунин як созишномаеро тасдиқ накардааст ва маълум нест, контейнерҳое, ки барои ташкили дидбонгоҳ гузошта буд, берун овардааст ё не.

Қирғизистон пас аз пайдо шудани контейнерҳои марзбонони тоҷик дар марз сокинони чанд деҳаро ба ҷои дигар кӯчонд.

Дар Бишкек ва Душанбе ду кишвар ба сафирони ҳамдигар нотаи эътирозӣ супурда, аз амалкарди ҳамдигар норизоӣ карданд.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG