Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сафири Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурданд


Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри наворе гуфт, ки низомиёни тоҷик вориди минтақаи баҳсӣ шудаанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри наворе гуфт, ки низомиёни тоҷик вориди минтақаи баҳсӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ахир дар марз ба сафири Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурдааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн гуфтанд, ки нотаро ба Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе супурдаанд.

“Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки қаблан ҳарду ҷониб ба имзо расонида буданд, отряди марзбонии мо дар қаламрави тавсифшудаи Тоҷикистон қарор дорад. Он чӣ он ҷониб даъво дорад, бо воқеият мувофиқ нест. Мо ҳифзи марзи худро дар қаламрави худ ба роҳ мондаем. Онҳо зерсохторҳое, ки дар ин қисмати марз доштанд, ҷониби Тоҷикистон надошт. Ҳамчунин зерсохторҳоро мо низ эҷод кардем, аммо дар ҳудуди Тоҷикистон”, - хабар доданд аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ.

Аз ин пеш, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар нота ё ёддошти эътирозӣ супурда буд.

Ҷониби Қирғизистон аз он норизост, ки Тоҷикистон низомиёнашро вориди минтақаи баҳсӣ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ин минтақаро баҳсӣ намедонад ва мегӯяд, ташкили дидбонгоҳ бар асоси мувофиқаи дуҷониба сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар сомонааш навиштааст, ки “ба сафири Тоҷикистон дар робита ба ҳузури низомиён ва техникаи ҳарбии ин кишвар дар дохили хоки Қирғизистон дар минтақаи “Унжу-Булоқ” дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш нота супурда шуд”.

Ин Вазорат гуфтааст, ки амалкарди Тоҷикистон хилофи созишномаҳои қаблӣ ҳаст.

Тоҷикистон ҳанӯз ба нотаи эътирозии ҷониби Қирғизистон посух надодааст, вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани дидбонгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон дар “ағбаи Шатти” ҳанӯз марзи ду кишвар муайян нашудааст, вале марзбонони тоҷик дар ҷое ҷойгир шудаанд, ки сарҳади Тоҷикистон аст. Аз ин пеш, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин бора миёни ду кишвар созиш ҳосил шуда буд. “Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст. Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд”,--гуфт шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунин таҷаммуи нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои сабукрав ва техникаи зиреҳпуш мушоҳида шудааст.

Ин минтақа дар наздикии марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон қарор дорад. Дар минтақаи Лахши Тоҷикистон қирғизтаборон ва тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа гузаргоҳи марзии "Қарамиқ" ба ҳам мепайвандад.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG