Як зодаи Узбекистон дар Амрико пулҳои кӯҳнаро ташхис мекунад, то нуқсу камбудиҳои онҳоро пайдо намояд.
Зоҳид Салоҳиддинов, зодаи Узбекистон шаш сол боз муҳандис ва нозири пулҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Тақрибан 40 дар сад аз 617 ҳазор пули одамгузару мошингузар дар Амрико аз 50 сол зиёд умр доранд ва 46 ҳазор адади онҳо фарсудаву хатарнок шудаанд. Барои маълум кардани нуқсу камбудиҳои ин пулҳо як гурӯҳи нозирон ва ё муҳандисон ҳастанд ва хабарнигори “Садои Амрико” яке аз ин муҳандисонро ҳамроҳӣ кард, ки зодаи Узбекистон аст. Барои ташхиси пул ба Зоҳид Салоҳиддинов лозим шудааст, ки ғаввосиро низ омӯзад, чун гоҳҳо даҳҳо метр ба зери об меравад.
“Ман зодаи Узбекистон ҳастам ва соли 2015 баъди қабул шудан дар шуъбаи муҳандисии Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа ба Амрико омадам”,--гуфт ӯ.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
Пайдо кардани кор барои донишҷӯёни хориҷӣ дар Амрико сахт аст, чун раводид ва иҷозаи корро ба осонӣ намедиҳанд. Зоҳид, ки муҳандис аст, бовар дошт, кор меёбад, чунки талабгорони ҳунари ӯ дар Амрико зиёд ҳастанд ва хато накард. Ӯ чунин нақл кард: “Ду сол пеш, ман донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис тамом кардам ва аз ширкати навкори “Амалиётҳои муҳандисӣ” дар инҷо дар шаҳри Денвери Колорадо пешниҳоди кор гирифтам. Кори ширкати мо тарҳрезии пулу назорати онҳо аст”.
Муҳандисӣ қисме аз кори Зоҳид аст. Ӯ бояд куҳнавардӣ ва ғаввосиро ҳам донад, чун барои кораш бисёр муҳиманд.
Зоҳид Салоҳиддинов гуфт, барои тафтиши пулҳо баъзан боло хазидану зери об рафтан лозим мешавад. “Яке аз намунаҳо Обанбори Месаи Кабуд дар Колорадо аст. Зарур шуд, то 120 метр ғӯта занем. Ингуна хадамотро ширкатҳои каме дар Амрико пешниҳод мекунанд. Муҳандисони зиёде ҳастанд, вале на ҳамаи онҳо ғаввосиву куҳнавардиро медонанд”,--гуфт ӯ.
Кори Зоҳид хатарнок низ ҳаст: “Яке аз мушкилоти асосӣ, бемории рафъи фишор аст. Вақте газҳо мисли ҳубоби нитроген аз зери об хориҷ мешавад, ба бадани ғаввос асари манфӣ мегузорад.”
Кори дигаре, ки бояд Зоҳид донад, идораи дрон аст. Писандидатарин бахши кораш низ ҳамин аст ва барояш мисли саргармӣ шудааст.
Ӯ гуфт, ки “мо барои тафтиши пулҳо дрон низ ба кор мебарем, бахусус агар дар баландӣ бошанд. Ҳамин бахши кор он қадар маро таҳти таъсир қарор дод, ки филмбардорӣ бо дрон саргармиам шуд.”
Ҷамъи ҳунару маҳоратҳо ба Зоҳид на танҳо ҷойи кор дод, балки шавқу саргармӣ ва нигоҳи наве ба зиндагӣ ато кардааст.