Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума қонуни баҳсбарангези мақоми забонҳои мардуми бумиро қабул кард


Мардуми Чукотка дар як иди миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Мардуми Чукотка дар як иди миллӣ. Акс аз бойгонӣ

Думаи давлатии Русия, ки палатаи поёнии парлумони ин кишвар мебошад, дар хониши сеюм ва ниҳоӣ тарҳи як қонуни баҳсбарангезро қабул кард, ки забонҳои аққалиятҳои миллии ин кишвар, бахусус мардуми бумии минтақаи Сибир ва Шарқи Дурро танзим мекунад. Қонунгузорон гуфтанд, ки қонуни мазкур барои ҳифзу зинда нигоҳ доштани забонҳои аққалиятҳо мусоидат мекунад, дар ҳоле, ки омӯзгорону мутахассисони ин забонҳо баръакс, ба ин андеша ҳастанд, ки қонуни мазкур нобудшавии забонҳоро суръат мебахшад.

Тарҳи қонуни нав мегӯяд, вазорату идораҳои дахлдор қоидаҳои имлои забонҳои аққалиятҳоро танзим мекунанд, вале соҳибони ин забонҳо мегӯянд, мақомоти марказии Русия дар талоши таҳти назорат гирифтани фарҳангу забони аққалиятҳои миллӣ мебошанд. Марина Гирголчайвина, омӯзгори забони чукотӣ дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “ин тарҳи қонун бисёр аҷиб аст ва, мутаассифона, пеши роҳи марги баъзе забонҳоро гирифта наметавонад. Аз мурдани забон дар ҳоле пешгирӣ кардан мумкин аст, ки агар омӯзиши ин забонҳо дар мактабҳо на ихтиёрӣ, балки ҳатмӣ бошад. Шумори шогирдони чунин мактабҳо бояд афзоиш дода шаванд. Ҳоло ин забонҳо ҳадди аксар ҳафтае як бор дарс дода мешаванд, аз ин рӯ, шогирдон чандон дилгарм нестанд, ки онҳоро бидонанд”.

Баҳсу суолҳо дар заминаи омӯзиши забонҳои мардуми бумӣ дар Русия аз миёнаҳои солҳои 2017 шурӯъ шудааст. Он замон президент Владимир Путин гуфт, ки мардум набояд барои омӯзиши забоне, ки “барои онҳо забони модарӣ нест”, маҷбур карда шаванд. Ӯ амр дод, ки додситонӣ чунин ҳолатҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳад. Қабл аз ин бархе волидони рустабори шогирдоне, ки дар минтақаҳои марбут ба аққалиятҳои қавмӣ зиндагӣ мекунанд, шикоят карданд, ки фарзандони онҳоро маҷбур мекунанд ба омӯзиши забонҳои халқҳои бумӣ машғул шаванд.

Манъи омӯзиши маҷбурии забонҳои халқҳои бумӣ дар бархе қаламравҳои мисли Тотористон, Бошқирдистон, Удмуртия ва Чувашия, ки забонҳои маҳаллиашон дар ин минтақаҳо баробари забони русӣ мақоми давлатӣ дорад, эътирозҳо барпо кард. Ба нишони эътироз аз ин қонун ва манъи таълими ҳатмии забони удмуртӣ моҳи сентябри соли 2019 донишманди удмурт Алберт Разин дар шаҳри Ижевск даст ба худкушӣ зад.

XS
SM
MD
LG