Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзӯи Афғонистону Русия дар маркази баррасиҳои НАТО ва Байден мешавад


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Рӯзи 1-уми июн вазирони хориҷаи узви НАТО ва президенти ИМА Ҷо Байден барои баррасии хатми фаъолиятҳои ин ниҳод дар Афғонистон баъди ду даҳсола ҷанг ташкили ҷаласа мекунанд. Вазирон матни изҳороти НАТО-ро баррасӣ мекунанд, ки қарор аст дар ҷаласаи рӯзи 14-уми июн дар Брюссел дар заминаи мавқеи ин созмон дар робита бо Русия, терроризм, ҳамлаҳои рахнагарони интернетӣ, истифодаи иттилои дурӯғин, тағйироти иқлим ва афзоиши нуфузи Чин қабул шавад. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар остонаи нишаст гуфт, “ин лаҳзаи бисёр муҳим барои эътилоф ва амнияти ҳамагонии мо мебошад”. Ӯ гуфт, “дар ин ҷаҳони пуррақобат ва пешгӯинашаванда мо ба ваҳдати бештари фароатлантикӣ ниёз дорем”.

Масъалаи калидие, ки дар миёни дигар мушкилот чолишбарангез номида шудааст, ин рафтори то рафт хашини Русия мебошад. Русия, ба иттилои вазирони дифои НАТО, дар қаламравҳои ғарбиаш соли ҷорӣ 20 воҳиди нави низомӣ барои, ба иддаои Маскав, муқобила бо афзоиши таҳдидҳои НАТО таъсис додааст. Мавзӯи дигар – иддаоҳои афзояндаи Чин барои назорат аз баҳри Ҷанубии Чинӣ ва ҳам ҷазираи Тайван мебошад. Ба хотири муқобила бо иддаоҳои афзояндаи Чин солҳои охир ҳузури киштиҳои низомии амрикоӣ дар баҳри Ҷанубии Чинӣ бештар шудааст.

Вале мавзӯи Афғонистон ва баҳси сари хатми амалиёти НАТО дар ин кишвар ҳамчун мавзӯи фишоровар дар сӯҳбатҳо арзёбӣ шудааст. Байден гуфт, ки то 11-уми сентябри имсол аз кишвари ҷангзадаи Афғонистон нирӯҳои амрикоиро берун мекашад. Ҳоло НАТО бояд қарор кунад, ки чӣ гуна нирӯҳои фасодзадаи амниятии Афғонистонро пуштибонӣ мекунад, оё тамрини нирӯҳои вижа дар берун аз ин кишвар ба роҳ монда хоҳад шуд ё на ва кадом нирӯҳо масъули таъмини амнияти коргарони ғайринизомӣ, сафоратҳо ва фурудгоҳи Кобул мешаванд.

XS
SM
MD
LG