Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин гуфт, як мард ба навъи нави зукоми мурғ гирифтор шудааст


Ҳукумати Чин эълон кард, ки марди сироятшуда метавонад нахустин нафаре бошад, ки ба навъи H10N3-и зукоми мурғ олуда шудааст, вале хатари тавсеаи сартосарии он кам мебошад. Марди олудашуда 41 сол дошта, дар шаҳри шарқии Чжентсяни вилояти Тсянзуи қисмати шимолуғарби Шонҳой зиндагӣ мекунад. Ӯ 28-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуд ва аз он замон то имрӯз ҳолаташ мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора рӯзи 1-уми июн Комиссиюни миллии беҳдошти Чин изҳороте пахш кард. Ба навиштаи ин ниҳод, то ҳол, ҳеҷ як инсон ба навъи H10N3-и зукоми мурғ олуда нашудааст.

Мақомоти чинӣ гуфтанд, ки олуда шудани ин мард як тасодуф буда, хатари ба дигарон сироят кардани он ночиз аст. Ба иттилои Идораи ғизову кишоварзии СММ, аз соли 2013, замоне, ки навъи H7N9-и зукоми мурғ ошкор шуд, 1668 нафар бемор шуда, 616 нафар аз он ҷон доданд.

Бори охир навъи H7N9-и зукоми мурғ дар Чин солҳои 2016 ва 2017 ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG