Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Иттиҳоди Аврупо ба кор шурӯъ кард


Лаура Коевеси, додситони калони Иттиҳоди Аврупо дар гузашта дар мақоми раиси идораи зиддифасоди Руминия чандин мақомдори калонро ба ҷавобгарӣ кашидааст
Лаура Коевеси, додситони калони Иттиҳоди Аврупо дар гузашта дар мақоми раиси идораи зиддифасоди Руминия чандин мақомдори калонро ба ҷавобгарӣ кашидааст

Иттиҳоди Аврупо мақоми нави додситониро таъсис дод, ки ба хотири муқобила бо фасод дар истифода аз маблағҳои ин ниҳод, бахусус ҳангоми истифодаи ёриҳои пулии пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 фаъол мешавад. Идораи додситони ҷамъиятии Аврупоро хонум Лаура Коевеси, собиқ додситони калони идораи мубориза бо фасоди Руминия ба ӯҳда гирифт. Ин нахустин идораи мустақиле дар Иттиҳоди Аврупо мешавад, ки ҳақи таҳқиқу ба ҷавобгарӣ кашидани омилони истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои Иттиҳоди Аврупоро дар додгоҳҳои кишварҳои узв хоҳад дошт.

Худи Коевеси як муборизи фаъоли зидди фасод аст ва ҳангоми кораш дар идораи зиддифасоди Руминия чандин вазиру сиёсатмадор ва дигар мақомдоронро ба ҷавобгарӣ кашидааст. Руминия яке аз фасодзадатарин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. Идораи додситонии ИА дар шаҳри Люксембург ҷойгир мешавад. Зарурати таъсиси ин идора баъди он пеш омад, ки аз беназорат мондани маблағҳои ҳангуфти аврупоӣ интиқод зиёд шуд ва бархе ҳуқуқшиносон тахмин кардаанд, ки соле то 500 миллион евро пулҳои Иттиҳоди Аврупо барҳадар меравад.

XS
SM
MD
LG