Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбек барои наворгирии раиси вилоят дашном шунид


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Блогер аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Умед Каримов хабар дод, ки ӯ дар қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Косон таҳқир шудааст.

"Раиси вилоят ҳангоми қабули сайёри худ вакилонро танқид кард. Ман ба хотири таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накардан пинҳонӣ навор мегирифтам. Дар ҳамин ҳол корманди шуъбаи кор бо ноболиғони маъмурияти вилоят маро дашном дода, амр кард, ки дигар ба қабули раиси вилоят наравам", - навишт блогер, ки бо номи "Капитан Каримов" маъруф аст.

Блогер дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки ҳодиса 29 майи соли равон дар деҳаи Ширинтепаи ноҳияи Косон рух додааст.

"Мо медонем, ки Зоир Мирзоев ба озодии баён эҳтиром қоил аст. Вале маъмурияти вилоят ба бозтоби фаъолияти раҳбари худ монеа эҷод кард", - афзуд блогер.

Каримов афзуда, ки сухангӯи раиси вилояти Қашқадарёро аз рух додани ҳодиса огаҳ кардааст, вале то ҳол натиҷае нест.

XS
SM
MD
LG