Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Амрикоиҳо аз фаъолияти раҳбарони аврупоӣ ҷосусӣ мекарданд


Бино ба таҳқиқот, раҳбарони баландпояи аврупоӣ мавриди ҷосусии амрикоиҳо будаанд
Бино ба таҳқиқот, раҳбарони баландпояи аврупоӣ мавриди ҷосусии амрикоиҳо будаанд

Чанд нашрияи Дания ва Аврупо навиштанд, ки Оҷонси амнияти дохилии Амрико аз пушти сиёсатмадорони баландпояи аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ҷосусӣ мекарданд.

Ин маълумот дар натиҷаи таҳқиқоте ба даст омадааст, ки Хадамоти иттилооти Дания аз соли 2015 дар заминаи нақши Оҷонси амнияти дохилии Амрико анҷом додааст. Телевизиони давлатии Дания рӯзи 30-юми май гуфт, дар бораи натиҷаҳои таҳқиқот аз нӯҳ манбаъ хабар ёфтааст.

Бар асоси таҳқиқот маълум шудааст, ки Оҷонси амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида дар бораи фаъолияти раҳбарони Шветсия, Норвегия, Фаронса ва Олмон, аз ҷумла садри аъзам Ангела Меркел ва ҳам собиқ вазири умури хориҷии Олмон Френк Валтер Штейнмайер маълумот ҷамъ мекард.

Дания як муттафиқи калидии Амрико мебошад ва дар қаламрави он чандин шабакаҳои қавии интернетӣ то Шветсия, Олмон, Ҳолланд ва Бритониё сохта шудааст.

Телевизиони давлатии Дания гуфт, ки вазири дифои ин кишвар Трине Брамсен моҳи августи порсол дар бораи ҷосусӣ огоҳ карда шуд. Худи Брамсен ба ин расона гуфтааст, "доимо гӯш кардани суҳбатҳои муттафиқон ғайри қобили қабул аст". Оҷонси амнияти дохилии Амрико ва ҳам Хадамоти иттилоотии Дания ин мавзуъро шарҳ надоданд.

Ҳукумати Олмон, ки то ҳол ин мавзуъро шарҳ надодааст, рӯзи 31-уми май гуфт, ин гузоришро пайгирӣ мекунад. Вазири дифои Шветсия Питер Ҳулквист гуфт, талаб кардааст, ки натиҷаҳои пурраи таҳқиқотро дар ихтиёраш гузоранд. Ӯ низ гуфт, гӯш кардани суҳбатҳои муттафиқон ғайри қобили қабул аст. Вазорати дифои Норвегия гуфт, ин гузоришро ҷиддӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG