Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

newsru.com аз майдони матбуот берун мешавад


Елена Березнитская, сардабири newsru.com
Елена Березнитская, сардабири newsru.com

Шурӯъ аз 31-уми май вебсайти хабарии русии newsru.com навкунии хабарҳояшро хотима дод. Дар идораи ин вебсайти хабарӣ гуфтанд, ки бо сабабҳои иқтисодӣ кори онҳо боздошта мешавад, вале таъкид карданд, ки далелҳои ин ҳолат «бо шароити сиёсии Русия» вобаста аст. Журналистони вебсайти newsru.com мегӯянд, «воқеият аз он ки мақомот дидан мехоҳанд, хеле фарқ мекунад. Баъди соли 2014 ширкатҳои азими таблиғотӣ бо мо ҳамкорӣ намекунанд, вале дигарҳо ҳамин сол тарсу ҳароси худро нишон доданд».

Кормандони ин нашрия мегӯянд, ки бо талаби мақомот бисёр расонаву созмонҳои ҳамкори онҳо маҷбур ҳастанд бо тамғаи «агенти хориҷӣ» кор кунанд ва ин чиз «намегузорад, ки кори newsru.com босифат анҷом шавад”.

Вебсайти newsru.com августи соли 2000-ум ба ҳайси пойгоҳи хабарҳои НТВ арзи ҳастӣ кард ва тадриҷан зери назари Владимир Гусинский, сармоядори мухолифи ҳукумат гузашт.

XS
SM
MD
LG