Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Степашин гуфт, 300 ҳазор муҳоҷири корӣ ба сохтмонҳои Русия ҷалб мешаванд


Акс аз соли 2007. Тотористон, Қазон
Акс аз соли 2007. Тотористон, Қазон

Дар ояндаи наздик тақрибан 300 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба сохтмонҳои Русия оварда мешаванд. Дар ин бора Сергей Степашин, раиси Шӯрои нозирони Фонди манзиливу коммуналии Русия хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат як гурӯҳи кории байниидоравиеро таъсис дод. Дар он қарор гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки ба сохтмонҳо ҷалб мегарданд, бояд дар ҳамон ҷо кор кунанд. Барои риояи ин шарт, ҷониби даъваткунанда масъул хоҳад буд. Дар охири соли 2020 тартиби соддаи вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия ташкил карда шуд. Ҳамзамон ширкатҳои сохтмонӣ вазифадор шуданд қонунгузории амалкунандаи Русияро риоя кунанд ва назорати санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

XS
SM
MD
LG