Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон тасдиқ кард, ки шаҳрванди Фаронса бо гуноҳи ҷосусӣ муҳокима мешавад


Бенҷамин Бриер
Бенҷамин Бриер

Саид Деҳқон, вакили мудофеи як сайёҳи фаронсавӣ, мегӯяд, додситонии Эрон тасдиқ кардааст, ки шахси зери ҳимояти ӯ бо иттиҳоми ҷосусӣ ва "таблиғи зидди низом" муҳокима мешавад.

Бенҷамин Бриер, шаҳрванди 35-солаи Фаронса, моҳи майи соли 2020 дар Эрон дастгир шуд. Мақомот гуфтанд, ӯро ҳангоми аксбардорӣ дар минтақаи мамнуъ дар наздикии сарҳади Эрону Туркманистон боздошт карданд.

Дар сурати исботи иттиҳоми ҷосусӣ, ба ӯ дар Эрон ҳукми қатл таҳдид мекунад. Барои паҳн кардани "таблиғоти зидди низом" аз се моҳ то як сол зиндон дар назар аст.

Саид Деҳқон рӯзи 30-юми май хабар дод, ки мақомоти эронӣ ба ӯ гуфтаанд, тафтишот пурра анҷом шуда, додситонӣ иттиҳоми зидди Бриерро тасдиқ кардааст.

Вакили мудофеъ гуфт, иттиҳоми "таблиғот алайҳи низом" натиҷаи як паёми Бриер дар шабакаи иҷтимоӣ аст. Ба қавли ӯ, шаҳрванди Фаронса дар навиштаи худ ишора кардааст, ки дар ҳоле дар Эрон ҳиҷоб ҳатмӣ аст, ки дар кишварҳои дигари исломӣ чунин нест.

Бриер дар шаҳри Машҳад нигаҳдорӣ мешавад. Вай ҳамзамон бо иттиҳоми "фасод дар замин", яке аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар Эрон ва нӯшидани машрубот бо тозиёна ҷазо дода шудааст, аммо вакили мудофеаш гуфт, ин айбҳо пас аз тафтиш бекор карда шуданд.

XS
SM
MD
LG