Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Лукашенкову Путин дар Сочи барпо мешавад


Сочи, 22 феврали соли 2021
Сочи, 22 феврали соли 2021

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва президенти Русия Владимир Путин дар Сочи мулоқот мекунанд. Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои баррасии таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Минск дар посух ба фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратӣ ва ҳабси журналист ҷамъ хоҳанд шуд. Мулоқоти Путин ва Лукашенко, ки рӯзи 28-уми май дар шаҳри Сочи барпо мешавад, қабл аз ҳодисаи дар хоки Минск фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич ва дӯстдухтараш София Сапега, ки шаҳрвандии Русияро дорад, таъин шуда буд. Ин ҳодиса хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехт.

Рӯзи 27-уми май сухангӯи русзабони Департаменти давлатии ИМА Андреа Калан амали мақомоти Беларусро “такондиҳанда” номид ва гуфт:

“Матбуоти мустақил асоси ҳукумати қонун ва демократия мебошанд. ИМА таъқиб ва боздоштҳои худсаронаи журналистонро аз ҷониби режими Лукашенко маҳкум мекунад. Мо даъватҳои мардуми Беларус ба эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ҷонибдорӣ мекунем”.

Пратасевичи 26-сола бо иттиҳоми ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ боздошт шуд ва дар баробари таҳдиди то 15 соли зиндон қарор дорад. Вакили дифои ӯ Инесса Аленская гуфт, ки аввалин бор бо зерҳимояаш рӯзи 27-уми май дидор кард.

Аленская гуфт: “Ҳамааш хуб аст, рӯҳияаш хуб аст, хушбин аст, механдад”. Ӯ гуфт, ки аз ин бештар, аз ҷумла дар бораи ҷои нигаҳдории Пратасевич сӯҳбат карда наметавонад.

Иттиҳоди Аврупо дар андешаи татбиқи таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Беларус аст. Чанд вазири хориҷаи Иттиҳоди Аврупо, ки дар Лиссабон ҷамъ шудаанд, пешниҳод доранд, ки бархе сохтору бахшҳои муайяни иқтисодро, ки аз онҳо Лукашенко баҳравар аст, таҳрим кунанд. Дар миёни пешниҳодҳо соҳаи энержӣ ва саноати калий мебошанд. Аввалин коре, ки Аврупо баъди ҳодисаи ҳавопаймо кард, ширкати ҳавоии Беларусро аз ҳақи фуруд омадан дар хоки Иттиҳоди Аврупо манъ ва ҳам парвози ҳавопаймоҳояш аз ҳарими ҳавоии Беларусро манъ намуд.

Аврупо мегӯяд, ин тадбирҳо ба хотири қатъи равобит бо кишвари дар ҳоли инзивои Беларус мебошад. Лукашенкову муттафиқонаш ба хотири саркӯби эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии соли гузашта мавриди таҳрими Ғарбу Аврупо қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG