Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: сӯиистифодаҳои муттасил дар қаламравҳои Исроилу Фаластин таҳқиқ шавад


Зани фаластиние бо кӯдакаш дар пасманзари хонаи нобудшудааш
Зани фаластиние бо кӯдакаш дар пасманзари хонаи нобудшудааш

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 27-уми май ба таҳқиқи низои ахири Ғазза ва ҳам ҳолатҳои сӯиистифодаи “муттасил”-и исроилиҳо дар нисбати фаластиниҳо иҷоза дод. Қатъномаи мазкур бо аксарияти овозҳо қабул шуд. Масъули ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, ки низомиёни исроилӣ метавонистанд дар Ғазза даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ зананд ва раҳбарони узви Ҳамоси ин анклави фаластинӣ аз роҳи партоби берабти мушакҳо болои Исроил қонунҳои байналмилалии башариро вайрон кардаанд.

Пеш аз оташбасе, ки ҳафтаи гузашта дар ин минтақа ҳукмфармо шуд, Мишел Бачелет, раиси ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки дар 11 рӯзи ҷангҳо дафтари ӯ марги 270 фаластинӣ, аз ҷумла 68 кӯдакро дар Ғазза, Каронаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси шарқӣ тасдиқ кардааст. Комиссиюн бояд ҳам худи хушунатҳо ва ҳам сабабҳои сар задани онро мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Ин аввалин бор аст, ки ҳайати кунунии идораи СММ чунин як таҳқиқе баъди низои Исроилу Фаластин анҷом медиҳад. Вале ҷонибдорони Исроил аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интиқод карданд ва гуфтанд, ки ин созмон дар нисбати давлати яҳудӣ беғараз нест ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани дигар нақзкунандагони ҳуқуқи башар, аз ҷумла, аз ҳисоби аъзои ин ниҳод коре карда натавонистааст.

XS
SM
MD
LG