Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Русияро огоҳ  кард, ки ба созиши “Осмони боз” барнамегардад


Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА
Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА

ИМА Русияро огоҳ кард, ки ба созиши бо номи “Осмони боз” дубора барнамегардад. Ин санад назорати ғайримусаллаҳонаи ҳаворо аз болои ҳадафҳои низомии кишварҳои имзогузори ин санад иҷоза медод. Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА гуфт, ки дар ин бора рӯзи 27-уми май ҳамкори руси худро огоҳ кардааст ва вазорати хориҷаи Русия ҳам тасдиқ кард, ки чунин огаҳиро дастрас намуданд.

Мақоми Департаменти давлатӣ гуфт, “ИМА мутаассиф кард, ки Русия қоидаҳои созиш оид ба “Осмони боз”-ро вайрон кард”. Моҳи ноябри соли 2020 маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп аз созиш оид ба назорат бар силоҳ берун шуд ва гуфт, ки Маскав онро нақз кард. Маъмурияти Байден дар андешаи бозгашти ИМА ба ин санад буд, вале посухи ахир ба маънои он аст, ки мӯҳлати иҷрои созишнома ба охир расид. Департаменти давлатии ИМА гуфт, бо назардошти ин ки Русия барои иҷрои шартҳои ин санад омода нест, “ИМА дигар дар талоши бозгашт ба ин созишнома намешавад. Илова ба ин, рафтори Русия, аз ҷумла амалкарди ахири он дар нисбати Украина, ҷавобгӯи шарикӣ дар созиш нест”.

XS
SM
MD
LG