Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Андиҷон ба президенти Узбекистон шикоят карданд


Тафтиши вакилони маҷлиси вилояти Андиҷон.
Тафтиши вакилони маҷлиси вилояти Андиҷон.

Гуруҳе аз вакилони маҷлисҳои ноҳиявию шаҳрии вилояти Андиҷон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостанд, ба парвандаи Шуҳрат Каримов, вакиле таваҷҷуҳ намояд, ки баъди танқиди шаҳрдор ва додситони шаҳр, дахлнопазирияш бекор карда шуд.

Вакилони узбек дар муроҷиатномаи худ шикоят кардаанд, ки "баъзе аз мансабдорон ба онҳо фишор меоранд ва поймолшавии ҳуқуқи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ба дахлнопазириро нодида мегиранд".

Ба гуфтаи вакилон, мақомот бо вуҷуди вокуниши тунди ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон, қазияи ғайриқонунӣ бекор шудани дахлнопазирии Шуҳрат Каримовро ҷиддӣ намегиранд.

Пештар хабар дода шуд, ки маҷлиси шаҳри Андиҷон дар ҷаласаи 17-уми май дахлнопазирии вакили худ Шуҳрат Каримовро бекор кард. Дахлнопазирии Каримов баъди он бекор шуд, ки ӯ баъзе аз қарорҳои шаҳрдори Андиҷонро дар масъалаи замин танқид карда, ҳамчунин хост, аз додситони шаҳр имтиҳон гирифта шавад

Додситонии кулли Узбекистон 20-уми май хабар дод, ки зидди Шуҳрат Каримов бо банди "Омода ва истифода кардани санаду муҳри қалбакӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG