Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саратови Русия парвозҳо ба самти Тоҷикистонро барқарор мекунад


Шаҳри Саратови Русия бо Тоҷикистон парвозҳояшро барқарор мекунад. Дар ин бора раҳбари минақавии Роспотребнадзор хабар додааст. Интизор меравад, нахустин парвоз аз ин шаҳр бо риояи қоидаҳои беҳоштӣ ба Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн тавассути ширкати «Сибир» сурат бигирад. Русия аз 1-уми апрел ба парвозҳои маҳдуди доимӣ бо Тоҷикистон расман иҷозат дод. Ҳамзамон парвозҳои чартерии ширкатҳои русӣ байни шаҳрҳои ин ду кишвар идома доранд. ​

Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар дар Душанбеву Хуҷанд, ки аз ширкати дигари русии "Северный ветер" билет харида буданд, ҳамоно барои расидан то Русия ба мушкил гирифторанд. Шоми дирӯз парвози ҳавопаймои ин ширкат аз фурудгоҳи Душанбе ба Санкт Петербург лағв ва боиси таҷаммӯи беш аз 200 мусофир гардид. Касе ба онҳо сабаби таъхирро шарҳ надодааст. Ҳамин тариқ аз фурудгоҳи шаҳри Бохтар корбарони Радиои Озодӣ навор фиристода мегӯянд, се рӯз боз наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, баъзе аз онҳо билетҳои ширкати "Северный ветер"-ро чанд ҳафта пеш харида буданд. Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта парвози ин ширкатро ба Тоҷикистон манъ кардаву баъдан гуфта буд, ба таври истисноӣ барои бурдани мусофироне, ки қаблан билет харида буданд иҷозат медиҳад.

XS
SM
MD
LG