Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед ва Кремлин ба мулоқоти Байден ва Путин омода мешаванд


Швейсария, 24-уми май. Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев
Швейсария, 24-уми май. Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев

Кохи Сафед ва Кремлин барои дар моҳи оянда ташкил кардани ҷаласаи президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин омода мешаванд. Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».

Макон ва таърихи баргузории ҷаласаи Байден ва Путин дертар эълон мешавад, вале интизор меравад, ки он моҳи июн дар ҷараёни нахустин сафари Байден дар мақоми президенти Амрико ба Аврупо имконпазир мешавад. Қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад.

Мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG