Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ду занро барои "даъват" ба зидди тоҷикон дастгир кардаанд


Маъмури милиса. Акс аз бойгонӣ
Маъмури милиса. Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон ду занро бо гумони таблиғи зидди тоҷикон дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон рӯзи 24-уми май гуфтанд, ки ин занҳо тавассути WhatsАpp сокинони деҳаи Чалдовари ноҳияи Панфиловро "ба халос шудан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" даъват мекарданд.

Дар оғоз ба “майдаавбошӣ” муттаҳам буданд, вале тафтишот онҳоро ба барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо гунаҳкор кардааст.

Пулиси Қирғизистон гуфтааст, яке аз занон 23-сола ва дигаре 20-сола буда, рӯзи 22-юми май дастгир шуданд ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ ҳастанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба шурӯи даргирӣ айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

XS
SM
MD
LG