Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Эрон гуфт, созиши семоҳа бо Оҷонсӣ ба охир расид


Муҳаммадбоқир Махмалбоф
Муҳаммадбоқир Махмалбоф

Раиси порлумони Эрон рӯзи 23-юми май гуфт, тавофуқи семоҳа байни Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва Теҳрон дар мавриди назорати иншооти ҳастаии ин кишвар ба охир расид.

Хабаргузории "Форс" аз қавли Муҳаммадбоқир Қолибоф навишт, "аз 22-юми май ва бо анҷоми созишномаи семоҳа, Оҷонсӣ ба маълумоти ҷамъовардаи камераҳои дохили иншооти ҳастаӣ дастрасӣ нахоҳад дошт".

Ин шарҳ дар замонест, ки қарор аст даври нави музокироти ҳастаӣ ин ҳафта дар Вена баргузор шавад. Аъзои созиши ҳастаӣ дар талош ҳастанд, ки тавофуқ то замони интихоботи президентии Эрон ба даст биояд.

Даври нави музокирот бо ҳузури намояндагони Эрону Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон ба унвони аъзои ҳозираи созиши ҳастаӣ баргузор мешавад.

Дар музокирот намояндагони Амрико низ ҳузур доранд, вале ба таври мустақим бо ҳайати эронӣ музокира намекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, соли 2018 кишварашро аз ин созиш берун карда буд.

Теҳрон алакай ғанисозӣ ва захираи ураниюмро дар сатҳе, ки созишномаи ҳастаии соли 2015 иҷозат додааст, бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG