Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ду бонки гирифтори мушкилро барҳам дод.

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд.

Назари масъулони ин ду бонк ба бозхонд шудани иҷозатномаи фаъолияташон дастрас нашудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ду изҳороти ҷудогона ва мушобеҳ, ки дар сомонааш рӯзи 21-уми май нашр шуд, гуфтааст, иҷозатномаи ин ду бонк бозхонд шудааст ва то “таъини мудири махсус” ҳамагуна амлиёт бо ин бонкҳо манъ гардидааст.

Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале Бонки миллӣ гуфтааст, ки “мутаасифона” кумакҳо вазъи молиявии ду бонкро беҳ накард.

Баръакс, Бонки миллӣ гила кардааст, ки дар фаъолияти ин ду бонк “пайдарпай” камбудиҳо такрор шуда, ислоҳи вазъ дар кори онҳо мушоҳида нашудааст.

Дар изҳороти Бонки миллӣ гуфта шудааст, ки ин ду бонк ба он хотир барҳам дода шуданд, ки “дар фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст додаанд”.

Кори ин бонкҳоро, ки боиси шикояти сокинон шудааст, Бонки миллӣ боиси “коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ” номидааст.

Ҳоло қарор аст, ки дар ин ду бонк “мудири махсус” таъин кунанд ва онҳо фуруши дороиҳои онҳоро ба фоидаи муштариён анҷом диҳанд.

Моҳи сентябри соли 2020 Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ду бонки азими дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон ин бонкҳо "низомсоз, вале пардохтнопазир" ном бурда шуда буданд.

Он замон дар посух Бонки Миллии Тоҷикистон гуфта буд, то замоне ки "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" маблағи амонатгузоронро пардохт накунанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо тасмим гирифта намешавад.

Бозхонди иҷозатномаи ин ду бонк дар ҳолест, ки даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк, инак беш аз панҷ сол боз, амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG