Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 шарти IMF ба Тоҷикистон, акнун Душанбе бояд қабул ё рад кунад


Падамҷа Ханделвал, раиси ҳайати IMF дар гуфтушунид бо Тоҷикистон

Сандуқи Байналмиллалии Пул (IMF) барномаи нави худро нисбати Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод карда, иҷрои онро ба чанд шарт бастагӣ додааст ва акнун «давлати Тоҷикистон бояд посух бидиҳад ки бо он розӣ ҳаст ва ё не" ва ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб талош дорад аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ кумак ва қарзҳои имтиёздор дарёфт бикунад.

Пешниҳоди барномаи нав дар ҳоле сурат мегирад, ки сафари як ҳайати Сандуқи байналмиллалии пул таҳти роҳбарии Падамҷа Ханделвал ба Тоҷикистон поён ёфт ва ҳамчун натиҷаи он рӯзи 9-уми октбяр чаҳор тавсияи стратегии IMF ба Ҳукумати Тоҷикистон мунташир шуд. Инҳо:

  • Танзими фискалӣ барои устувории будҷа ва коҳиш додани риски буҳрони қарзӣ,
  • Таъмини чандирии мубодилаи асъор ва беҳтар кардани амалиёт дар бозори асъор..
  • Устувор намудани асосҳои сиёсати пуливу қарзӣ барои гузариш ба ҳадафгирии таварум
  • Идомаи ислоҳоти бахши молия (бо шумули ҳалли мушкили бонкҳои пардохтнопазир) барои боз гардонидани эътимод.

Тавсия чаҳоруми СБП ишора ба мушкили ҳалношудаи "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аст, ки инак се сол боз идома дорад. Ин ду бонк аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои муштариёнашон оҷиз мондаанд. Давлати Тоҷикистон феврали соли 2017 барои наҷоти ин ду бонк ба "Тоҷисодиротбонк" 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" - 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии ин бонкҳо ҳал нашуд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз Сандуқи Байналмиллалии Пул рӯзи 10-уми октябр гуфт, барномаи нави ин созмон аллакай таҳия шудааст ва акнун «давлати Тоҷикистон бояд посух бидиҳад ки бо он розӣ ҳаст ва ё не».

Ба гуфтаи ӯ, барномаи пешниҳодшуда чандин «номгӯи ислоҳот»-ро ба ҳамроҳ дорад. Агар ҳукуматиТоҷикистон ин ислоҳотро қабул ва иҷрои онро ба уҳда бигирад, интизор меравад, Душанбе аз Сандуқи байналмиллалии пул то 220 миллион доллар қарзи имтиёздор дарёфт кунад.

Посухи Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин барномаи СБП ва бандҳои он ҳанӯз дастрас нест. Талошҳои Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари ҳукумат дар ин робита бенатиҷа буд.

Ин масъули СБП дар мавриди шумора ва номгӯи ислоҳоте, ки ин созмон аз Тоҷикистон иҷрои онро мехоҳад, дақиқ нагуфт, танҳо афзуд, ин ислоҳот марбути соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар, ба мисли бахши энержӣ, молия, сиёсати андозситонӣ, ки ба ислоҳот ниёз доранд, марбут аст.

Сандуқи Байналмиллалии Пул аз кушишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани талафи нерӯи барқ аз ҷумла тавассути боло бурдани нархи он ҷонибдорӣ кардааст.

“Ислоҳоти ширкати давлатии энергетикӣ, аз ҷумла ҳар сол боло бурдани нарх (барқ) барои истифодабарандагон, барои коҳиши додани талафот дар ин соҳа кумак карданд”, омадааст адр изҳороти СБП.

Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон се соли охир паёпай боло меравад. Нархи як киловат/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами оғози соли 2017 то ба 22,6 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 бештар шуд.

Ҳайати СПБ зери роҳбарии хонум Падажма Ханделвал аз 23-ум сентябр то 4-уми октябр дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо муовини нахуствазир, бо вазирони молия, иқтисод, энержӣ, раиси Бонки миллӣ дидору мулоқот доштааст. Ин сафари дуввуми намояндагони ин созмон ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст.

Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайримақсадноки" қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аз соли 2009 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накардааст. Тақрибан даҳ сол боз кишвар аз қарзу грантҳои ин созмон бенасиб аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул танҳо дар соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисоду сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд.

Аз ҷумла, коршиносони созмон аз Тоҷикистон хостанд, ки "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро муфлис эълон кунад ва ба ширкатҳои алоҳида имтиёз надиҳад. Инчунин, мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул бо ин, ки аз бунёди нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, маблағгузорӣ шудани ин тарҳ аз ҳисоби будҷаро машварат намедиҳанд.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Аммо коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.

Шарҳҳоро бинед (12)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG