Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Лубнон пас аз изҳорот дар бораи кишварҳои арабӣ истеъфо дод


Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Лубнон пас аз изҳороти ҷанҷолӣ алайҳи кишварҳои араби Халиҷи Форс ва вокуниши сахти ин кишварҳо, аз мақоми худ истеъфо дод. Шарбил Веҳбе, рузи душанбе дар мусоҳибае бо телевизиони "Ал-Ҳурра" гуфта буд, ки гурӯҳи ДОИШ бо ҳимояти бархе аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс шакл гирифт ва ин гурӯҳро дар Ироқу Сурия ҷобаҷо карданд.

Ин изҳорот бо вокунишҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт рӯбарӯ шуд ва ин кишварҳо сафирони Лубнонро ба вазоратҳои хориҷаи худ даъват карданд. Оқои Ваҳба рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми май аз мақомаш истеъфо дод.

Ӯ дар ин мусоҳиба ҳамчунин дар посух ба суол дар бораи интиқоди кишварҳои арабӣ Халиҷи Форс аз раиси ҷумҳури Лубнон гуфта буд, ӯ наметавонад "тавҳини бодинишинҳо"-ро қабул кунад. Ин мақоми лубнонӣ ба хотири истифода аз лафзи "бодинишин" барои кишварҳои араби Халиҷи Форс низ муттаҳам ба "нажодпарастӣ" шуда буд.

Дар ҳафтаҳои гузашта робитаҳои Арабистони Саудӣ бо Лубнон ба таниш рубару шудааст. Арабистон охирҳои моҳи гузашта эълон кард, ки бинобар афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба ин кишвар, воридоти мева ва сабзиҷотро аз Лубнон манъ мекунад.

Ҳукумати Лубнон тобистони соли гузашта пас аз таркиш дар бандари Бейрун ва ҳалокати 211 нафар, истеъфо дод, аммо ҳануз ҳам бинобар ихтилофҳои сиёсӣ, ҳукумати нав ташкил нашудааст.

XS
SM
MD
LG