Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 20 касро дар Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус ба карантин гирифтаанд


Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ 22 касро дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус ба карантин гирифтаанд.

Намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19-уми май тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас "мушкили шуш" доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагир таъйид (тасдиқ) нашудааст.

Таб доштанду гулӯдард шуданд ва мо ташхисашонро пайваста таҳлил карда истодаем. Натиҷаҳои ташхиси онҳо ба бемории коронавирус манфӣ нишон медиҳад. Ин як хуруҷи мавсимии илтиҳоби шуш аст.
Рустам Бӯриев

Ин хабарҳо дар ҳоле мерасанд, ки Вазорати тандурустӣ панҷ моҳ боз дар бораи набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Шаби 18-уми май низ расман гуфта шуд, ки ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашуд, вале омори расмӣ дар бораи беморону қурбониён ҳамеша мавриди шубҳа будааст.

"Натиҷаи тести як шаҳрванди Саудӣ мусбат баромад"

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, 19-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш (17-уми май) шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд. Ӯ афзуд, се корманди меҳмонхона, ки ҳамроҳаш дар тамос буданд, низ ба гӯшанишинӣ (изолятсия) водор шуданд.

"Ин шаҳрванди хориҷӣ охири ҳафтаи гузашта ба меҳмонхонаи Бӯстон (Чкалов) омада, барои санҷиши коронавирус дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким ташхис супурдааст. Натиҷа мусбат баромад. Мо зуд ӯро ба карантин гирифтем ва дубора натиҷаи ташхисро таҳлил карда истодаем. Як нусхаи ташхисро ба Душанбе фиристодем ва мунтазири натиҷаи ниҳоӣ мемонем", -- шарҳ дод ӯ рӯзи 19-уми май.

Маълум нест, ки чаро натиҷаи тести ин шаҳрванди Саудӣ дар Тоҷикистон ба омори расмӣ ворид карда нашудааст. Пизишкон ва шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, ҳарчанд натиҷа мусбат баромад, нишонаҳои бемориро надорад ва аз ин рӯ дубора озмоиш мекунанд.

"Гуфтанд, 14 рӯз дар карантин мемонад"

Салтанат Муъминова, яке аз пайвандони Мансур Алӣ Қосим (тоҷикиасл), гуфт, "як моҳ дар Узбекистон буд. Рӯзи 7-уми май ба Тоҷикистон омад ва ҳамроҳаш натиҷаи манфии COVID-19-ро дошт. Муҳлати раводид (виза)-аш 17-уми май ба охир мерасид. Хост, пеш аз сафар ташхис супорад. Натиҷаро дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким мусбат гуфтанд. Табибон мегӯянд, бояд ду ҳафта дар карантин бимонад."

Маъмурияти меҳмонхонаи Бӯстон низ ин ҳарфҳоро тасдиқ карда, гуфтанд, се корманди онҳо барои тамос бо ин шаҳрванди хориҷӣ ба гӯшанишинӣ водор шуданд.

Рустам Бӯриев, сардухтури бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, "дар як ҳафтаи охир 15 сокини вилояти Суғдро бо оризаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ кардем." Ба суоли он ки онҳо аз хориҷа омадаанд ё не, тафсилот надод, аммо гуфт: "Таб доштанду гулӯдард шуданд ва мо ташхисашонро пайваста таҳлил карда истодаем. Натиҷаҳои ташхиси онҳо ба бемории коронавирус манфӣ нишон медиҳад. Ин як хуруҷи мавсимии илтиҳоби шуш аст."

"Мушкили шуш доранд", аммо бемор нестанд?

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се корманди дафтари ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони Созмони Милал) дар Тоҷикистон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд ва ин созмон баъзе аз кормандони худро ба кори фосилавӣ фиристодааст. Ҳадди ақал ду корманди ЮНИСЕФ дар Душанбе бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи намояндагии созмон ин хабар расонда шуд.

Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи дигар феълан ғайриимкон аст. Намояндагии ЮНИСЕФ дар посух ба Радиои Озодӣ навиштанд, дар миёни кормандонашон, ягон нафар ба илтиҳоби шуш гирифтор нашудааст ва ҳеч касро ҳам бистарӣ накардаанд. Дар ҳоле, ки ҳаддиақал ду корманди ЮНИСЕФ гуфтанд феълан аз хона кор мекунанд, намояндагии ин ниҳоди СММ дар посухаш навиштааст, кормандонашон дар реҷаи муқаррарӣ дар дафтар кор мекунанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, се корманди яке аз барномаҳои Созмони Миллал дар Душанбе ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд ва танҳо ташхиси шуш онҳоро нигарон кардааст.

"Як чизро дар назар гирифтан даркор аст. Шахсоне, ки илтиҳоби шушро аз сар гузарондаанд, агар аз байн панҷ моҳ гузарад ҳам, натиҷаи ташхиси рентгенӣ шушро на он қадар хуб нишон медиҳад. Сол лозим аст, ки шуш пурра барқарор шавад. Инҳо вақте рентген мекунанд, мебинанд, ки шушҳояшон на он қадар хуб аст. Ҳамин чиз онҳоро ба ташвиш овардааст", -- шарҳ дод ӯ.

"Карантини нарм"

Мирзоев айни замон баъзе нигарониҳоро дар бораи рӯ задани мавҷи дигари бемории ҳамагир дар Тоҷикистон рад кард. Вай гуфт: "Вазъият дар Ҳиндустон ва Туркия бениҳоят вазнин аст. Шаҳрвандоне, ки аз ин кишварҳо меоянд, то муайян шудани натиҷаи ташхисашон дар беморхонаи сироятӣ карантин мешаванд. Айни ҳол 15 нафар дар Хуҷанд ҳастанд, ягон диагноз надоранд, вале барои эҳтиёт нигаҳдорӣ мешаванд. Ин беморхона карантин буд, инро карантини нарм мегӯянд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 тасдиқ нашудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон шубҳа доранд.

Натиҷаи ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳо (лаборатория) рост ба Вазорати тандурустӣ меравад ва аз ин рӯ тасдиқи дурустии ин ки чанд ҳолати гирифторӣ ҳаст, мушкил аст.

Мақомот мегӯянд, то ин дам сирояти 13 ҳазору 308 кас ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, аммо омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. То кунун беш аз 70 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG