Эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон. Чӣ гузашт?

Радиои Озодӣ

Беморие, ки аз охири соли 2019 то кунун дар ҷаҳон ба тақрибан 150 миллион кас сироят карда, боис ба марги беш аз 3 миллион нафар шудааст, ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд. Мақомот мегӯянд, дар ин давра зиёда аз 13 ҳазор кас бемор шуда, 90 нафар ҷон бохтанд, аммо шубҳаҳо дар мавриди дурустии омор ҳамчунон боқист. Лаҳзаҳои муҳими як соли муқобила бо коронавируси навро дар Тоҷикистон дар ин ҷо бинед:

21 марти 2020

Бемористони "Истиқлол"-ро дар Душанбе барои ба "карантин" фаро гирифтани шаҳрвандон омода карданд.

23 марти 2020

Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки ҳукумати Узбекистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст, аммо мошинҳои борбар истисно ҳастанд.

26 марти 2020

Бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус, намояндагии баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе кори худро ба таври фосилавӣ ба роҳ монданд.

31 марти 2020

Мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон дар зиндонҳои Тоҷикистон муваққатан манъ шуд. Мақомот гуфтанд, тартиби нав бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус ба иҷро даромад.

3 апрели 2020

Ҳукумати Тоҷикистон бо кушодани чанд ҳисоби бонкӣ аз соҳибкорону шахсони алоҳида, бунёдҳои хайрия ва кишварҳои дӯст хостори ёриҳои башардӯстона шуд.

5 апрели 2020

Пас аз марги як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ аз Қирғизистон баргашта буд.

6 апрели 2020

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи фавти як марди 60-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тасдиқ карда, вале гуфтанд, ӯ аз бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидааст.

Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, 8-уми апрели 2020

8 апрели 2020

Нархи баъзе аз маҳсулот, ки ба бовари мардум гуё барои пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 мусоидат мекунад, ба таври чашмгир дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафт. Аз ҷумла, арзиши як кило лимӯ (лимон) аз тақрибан 8 сомонӣ то ба 35 сомонӣ ва арзиши ҳамин миқдор сирпиёз аз 40 сомонӣ то ба 120 сомонӣ афзуд.

9 апрели 2020

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар марз бо Қирғизистон сахттар карда, ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро зери заррабин гирифтанд.

16 апрели 2020

Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, Абдухалил Ҷӯраев ва ҳафт сокини дигари деҳаи Қӯрғончаи ин ноҳияро бо таби баланд дар бемористон бистарӣ карданд.

18 апрели 2020

Баргузории намозҳои панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои Тоҷикистон манъ шуд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сабаби тасмимро пешгирӣ аз сирояти коронавирус номид ва гуфт, "ин шароит то замони беҳбуд ёфтани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҷаҳон идома хоҳад кард".

19 апрели 2020

Фавти ногаҳонии як корманди ҷавони Додситонии шаҳри Душанбе хешовандон ва дӯстони ӯро ҳайратзада кард. Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шуъбаи назорати милиса дар Додситонии Душанбе, субҳи 19-уми апрел фавтид ва, ба гуфтаи яке аз хешовандонаш, ӯро ҳамон рӯз дар саҳни ҳавлӣ ҷаноза карда, барои дафн ба оромгоҳ бурданд.

21 апрели 2021

18 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо карданд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла аз Вазорати тандурустӣ пурсидаанд, ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст, то куҷо метавон бовар кард?

22 апрели 2020

Галина Перфилева, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки қаблан гуфта буд, "дар Тоҷикистон коронавирус нест", дар мусоҳиба бо "Коммерсант" гуфт, ба натиҷаҳои санҷиш дар ташхисгоҳҳои Тоҷикистон мутмаин нест ва "наметавон қотеона гуфт, ки ягон мавриди сирояти беморӣ вуҷуд надорад".

25 апрели 2020

Мақом ва таъйиноти Беморхонаи марказии вилояти Суғд аз муассисаи умумӣ ва гуногунриштаи тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои роҳи нафас ва асосан илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуд.

27 апрели 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Якум Советский") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд.

30 апрели 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мавҷудияти бемории коронавируси навро тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, то 29-уми апрел дар вилояти Суғд 10 нафар ва дар Душанбе 5 кас ба бемории коронавирус мубтало шуданд.

30 апрели 2020

Ҳукумат дастур дод, барои пешгирӣ аз сирояти вирус, мардум дар берун ҳатман ниқоби тиббӣ бипӯшанд. Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд.

1 майи 2020

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, маоши якмоҳаи худро ба маъракаи пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ва мубориза бо ин бемории ҳамагир дод. Дар ин бора дафтари матбуоти президент иттилоъ дод, вале андозаи маоши ӯро эълон накард. Дар ин рӯз барои кумак ба пизишконе, ки бо гирифторони коронавируси нав ва шахсони зери карантин кор мекунанд, аз ҳисоби Фонди захиравӣ 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

2 майи 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то 2-юми май дар кишвар 32 мавриди сирояти беморӣ ба сокинон тасдиқ шуд. Ба қавли манбаъ, 17 мавриди он дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд аст.

2 майи 2020

Баъзе аз сокинони Душанбе гуфтанд, одамони ношинос ба хонаашон омада, ба онҳо фаҳмондаанд, ки чӣ гуна худро аз COVID-19 ҳифз кунанд. Дар ҳоле ки ин кор танқиди зиёдеро дар миёни мардум ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, рӯшан намояд, ки гашти хона ба хонаро кормандони давлатӣ бо амри Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон пиёда намудаанд.

2 майи 2020

Собирҷон Собиров, сардухтури бемористони вилоятии Суғд, аз мақомаш сабукдӯш карда шуд. Ба ҷойи ӯ Баҳодур Муъминовро таъин карданд.

5 майи 2020

Насим Олимзода аз мансаби вазири тандурустӣ барканор карда шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти Вазорати тандурустиро зери раҳбарии Насим Олимзода барои таъхир дар эътирофи мавҷудияти коронавирус ва "амалкардҳои суст" дар муқобила бо бемории СОVID-19 танқид мекунанд. Олимзода беш аз се сол вазири тандурустӣ буд. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нави тандурустӣ шуд.

8 майи 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, теъдоди гирифторон ба 522 нафар расида, бемории мазкур 14 нафарро куштааст. Ба гуфтаи вазорат беморӣ аз ҳама бештар дар Душанбе дида мешавад ва теъдоди беморон дар инҷо 223 нафарро ташкил медиҳанд.

10 майи 2020

Иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон, ки ҳар ҳафта маъмулан рӯзҳои чаҳоршанбе баргузор мешавад, ин дафъа доир нагардид.

11 майи 2020

Пойгоҳи интернетие, ки рӯйхати алтернативии қурбониёни бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон нашр мекард, рӯзи 11-уми май дар қаламрави кишвар дастнорас шуд. Ин рӯйхат аз омори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон бамаротиб фарқ дорад. Бино ба омори расмӣ, то 11-уми май 21 нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд. Дар рӯйхати алтернативӣ номи беш аз 140 нафар дарҷ шудааст, ки бовар меравад аз коронавирус ва илтиҳоби шуш даргузаштаанд.

12 майи 2020

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст. Патрик О.Коннор, раҳбари ҳайат ҳангоми нишасти хабарӣ, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи сирояти беморӣ дар дохили ҷомеа ворид шудааст. Мавридҳои собитшудаи СОVID-19 ҳангоми ҳузури мо дар кишвар зиёдтар шудаанд ва теъдоди беморон ҳар ду-се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Биноан вазъ ташвишовар аст ва андешидани чораҳои заруриро талаб мекунад.”

12 майи 2020

Як сироятшиноси узбекистонӣ пешниҳод кард, ки Тоҷикистон дар шабонарӯз на кам аз 3-4 ҳазор ташхиси коронавирус анҷом бидиҳад. Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 12-уми май хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст.

13 майи 2020

Мақомоти Тоҷикистон аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостанд, роҳи амн, вале бо риояи талаботи мусалмонии дафни фавтидагон аз бемории COVID-19-ро пешниҳод кунанд. Аз охири моҳи март мақомот ҷасади афродеро, ки ба гуфтаи онҳо аз бемории илтиҳоби шуш ва ё коронавирус фавтидаанд, ба наздиконашон надодаву шитобкорона ва бе риояти бисёре аз аркони исломӣ ва ё маросими видоъ дафн мекунанд.

15 майи 2020

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чанд қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карданд. Онҳо тахмин заданд, ки эҳтимол ин мазори қурбониёни COVID-19 аст ва шуморааш ҳам хеле зиёд аст. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, қабрҳои селофанпеч ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир рабт надорад ва танҳо бо ҳадафи муҳофизати гӯрҳо аз боду борон асту бас.

18 майи 2020

Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон кард, ки намози Иди Фитр баргузор намешавад. Қаблан баъзе аз сокинон пешниҳод карда буданд, намози идро онлайн ва ба воситаи телевизионҳо хонанд, вале масъулони Шӯрои уламо гуфтанд, "ин ба талаботи мазҳаби Имоми Аъзам рост намеояд."

20 майи 2020

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд. Он шабу рӯз дору ва васоиле, ки ширкати “Авеста Груп” тақсим кард, баҳси доғеро барангехт, чун дар байни онҳо кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дида шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати “Авеста Груп”-ро ки ба гуфтаи мухолифони давлат қисме аз саҳмияҳояш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ба он муттаҳам карданд, ки кумаки хайрияи дигаронро гирифта, аз номи худ тақсим мекунад.

25 майи 2020

Дар Тоҷикистон, ки қаблан аз пур будани шифохонаҳо ва афзоиши гирифторони COVID-19 шикоят мешуд, пизишкон якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, муроҷиати беморон кам шудааст.

26 майи 2020

Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур дод, то беҳбуди вазъият барои баргузории маросими арӯсӣ иҷозат надиҳад.

28 майи 2020

Президент Эмомалӣ Раҳмон бори аввал пас аз эълони ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ба яке аз ноҳияҳои кишвар сафар кард.

28 майи 2020

Зиёд шудани фавт ва ҳамингуна кори гӯрканҳо, масъулони ду оромгоҳро дар Кӯлоб маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд. Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд.

5 июни 2020

Бактигул Карриева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, гуфт, на дар Тоҷикистон ва на дар кишварҳои дигар авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст. Карриева баъд аз тарки мақом кардани Галина Перфилева охири моҳи май ба ин вазифа таъин шуд.

10 июни 2020

Вакилони порлумони Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ; паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд. Аммо гуфтанд, барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст.

17 июни 2020

Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон иҷоза дод, ки мардум аз 20-уми июн маъракаҳои арӯсии худро баргузор кунанд, аммо бо иштироки сад нафар. Қаблан дар маъракаҳои хурсандӣ ҳузури 150 нафар иҷозат буд.

1 июли 2020

Ба парвозҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Узбекистону Дубай иҷозат дода шуд. Мақомот гуфтанд, мусофирон ҳангоми парвоз ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ гиранд.

1 июли 2020

Масъулони Раёсати тандурустии Хатлон гуфтанд, беморхонаҳо дар ин вилоят ба кори маъмулии худ баргаштанд.

3 июли 2020

Ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхате расид, ки бино бар он дар ду моҳ 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст.

24 июли 2020

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, вақти бештари нишасти матбуотиро ба хондани варақаи иттилоотӣ сарф кард. Эъломияи ӯ, ки “фавти табибон дар раванди табобат сабт нашудаст", суолҳои бештарро ба миён овард. Ҳам ҳисобот ва ҳам посухҳои Ҷамолиддин Абдуллозода нобовариҳоро ба омори марбути COVID-19 аз байн набурд

30 июли 2020

Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар замони пандемияи коронавируси нав бештар шудааст, аммо фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад. Намояндагони Оҷонсӣ сабабҳои афзоиши маргумири аҳолиро ба бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком рабт доданд.

3 августи 2020

Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шуд, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд.

17 августи 2020

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон оғоз шуд, вале бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Вазорати маориф ва илм эълон кард, ки хонандагон бояд бо ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ба дарс ҳозир шаванд ва ҳангоми таҳсил фосилаи ҷисмонӣ ва ё дурӣ аз якдигарро риоя кунанд.

24 августи 2020

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки шумори умумии қурбониён аз охири моҳи апрел то ин дам ба 67 нафар расид.

2 сентябри 2020

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки баргузории ҳамагуна маъракаи бахшида ба рӯзи Истиқлол дар кишвар манъ аст. Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолро бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил мекарданд.

23 октябри 2020

Мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтанд, фаъолияти марказҳои дилхуширо ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ манъ карданд.

21 ноябри 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иддао кард, ки аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар 11 ҳазору 188 нафар ё беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

21 январи 2021

Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои гирифтани 2 миллион воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дархост додааст. Мақомот гуфтанд, дар сурати дарёфти ваксина, қабл аз ҳама, пизишкон ва шахсони синнашон аз 50-сола болоро эм мекунанд.

1 феврали 2021

Дари масҷидҳои Тоҷикистон боз шуд, вале сокинон уҳдадор шуданд, пеш аз вуруд дасти худро бо маҳлулҳои беҳдоштӣ пок кунанд. Дар сафи намоз аломатҳо гузошта шуд, ки ҳар намозгузор дур аз якдигар истанд.

12 феврали 2021

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, Душанбе барои харидани ваксинаи "Sputnik V" бо мақомоти Русия музокирот дорад. Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон 20 дарсад ваксинаи заруриро дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бепул дастрас карда, боқимондаро бояд бихарад. Қаблан СҶТ хабар дод, ки ба Тоҷикистон, ҳамчун узви барномаи COVAX, дар навбати аввал беш аз 730 ҳазор ваксина фиристода мешавад.

12 феврали 2021

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус дар кишвар 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин чанд дафъа аз набудани COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт. Ҳарчанд иддае ба суханони мақомот дар бораи набудани коронавирус шубҳа доранд.

8 марти 2021

Бастаҳои аввалини AstraZeneca, ваксинаи зидди коронавирусро аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон оварданд. Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ин ваксинаҳоро дар доираи COVAX, барномаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, бепул гирифтаанд.

16 марти 2021

Мутахассисони "Роспотребнадзор" бо ҳадафи таҳқиқи вазъи вобаста ба коронавирус ба Душанбе омаданд, вале хулосаашон нашру паҳн нашудааст.

18 марти 2021

Бо вуҷуди баҳсҳо дар бораи то куҷо амну бехатар будани AstraZeneca, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз истифодаи ин навъи ваксина худдорӣ намекунанд.

1 апрели 2021

Русия парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, вале парвоз маҳдуд аст. Парвозҳои доимии ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар як сол пеш бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шуда буд.

9 апрели 2021

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз тасмими ҳукумат барои ҷорӣ накардани карантин дар давраи пандемия ҳимоят кард ва гуфт, агар мардум дар хона мемонданд, дар фасли зимистон кишвар ба камбуди ғизо дучор мешуд.