Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба нишони шаффофияти кораш Байден гузориши андози худро нашр кард


Вашингтон, соли 1999. Корманди почта дар охирин рӯзи гузоришҳои андозсупорӣ дар кӯчаҳо гузоришҳои шаҳрвандони ИМА-ро ҷамъ мекунад
Вашингтон, соли 1999. Корманди почта дар охирин рӯзи гузоришҳои андозсупорӣ дар кӯчаҳо гузоришҳои шаҳрвандони ИМА-ро ҷамъ мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден анъанаи раҳбарони гузаштаи кишварро идома дода, гузориши андози худро нашр кард. Дар ин санад дида мешавад, ки ӯву ҳамсараш соли 2020 беш аз 607 ҳазор доллар даромад гирифта, наздики 26 % онро ҳамчун андоз ба давлат супурдааст. Ин санад рӯзи 17-уми май нашр шуд, ки дар ИМА санаи охирини супурдани андоз барои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Байден дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш ваъда дод, ки дар бораи даромадҳои молии худ ба мардум пурра ва рӯшод гузориш медиҳад. Ин гузориш даромади молӣ, манбаи даромад ва ҳам пулҳои барои хайр ирсолшударо дар назар мегирад. Вале президенти пешин Доналд Трамп анъанаи дар ихтиёри ҷомеа гузоштани гузориши андозсупориро вайрон кард. Ӯ пеш аз президент шудан як соҳибкори калон, хонаҷаллоб ва ситораи телевизион буд ва дар як иддаояш гуфт, ки гӯё мақомоти андози ИМА монеи нашри гузориши андози ӯ шуданд. Баъди ин, нашрияи The New York Times моҳи сентябри порсол гузориши андозҳои Трампро ба даст овард ва ошкор кард, ки Трамп дар солҳои 2016 ва 2017 ба андози давлатӣ танҳо 750 доллар супурдааст. Трамп гуфт, ки барои пардохти навъҳои мухталифи андоз миллионҳо долларашро сарф кардааст ва шахсе маҳсуб меёбад, ки ба сабукиҳои андозсупорӣ ҳақ дорад.

XS
SM
MD
LG