Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА то июн 80 миллион воксинаро ба кишварҳои дигар хайр мекунад


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

ИМА миллионҳо дона воксинаҳои иловагии зидди COVID-19-ро ба кишварҳои дигар ирсол мекунад. Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 17-уми май гуфт, ки ин тасмим ба хотири ҳифзи нақши пешбарандаи ИМА дар ҷаҳон алайҳи пандемия зарур аст ва ҳамзамон ба талошҳои Чин ва Русия ишора кард, ки аз роҳи паҳн кардани воксина мехоҳанд нуфузи худро дар ҷаҳон боло баранд.

Байден тасдиқ кард, ки ИМА дар давоми шаш ҳафтаи оянда 20 миллион адад воксинаи иловагиро ба берун мебарад ва то охири моҳи июн дар маҷмӯъ то 80 миллион адад мерасонанд. Ин шумор ИМА-ро аз назари кишвари хайркунандаи воксина ба ҷои аввал мебарорад. Зимни як суханрониаш дар Кохи Сафед Байден гуфт, ки ҳеҷ кишвари дигар 80 миллион дона воксинаро бо ҳадафҳои хайрия тақдим накардааст.

Байден гуфт: “Русия ва Чин... 15 миллион дона хайр карданд. Шумо медонед, ки гап дар бораи нуфузи Русияву Чин дар ҷаҳон аз роҳи воксина зиёд аст. Мо мехоҳем, ки ҷаҳонро бо арзишҳои худ назири навкориҳо, вижагӣ ва ахлоқи бунёдии мардуми Амрико пеш барем”. Ӯ афзуд, “ҳамонгуна, ки демократияҳо дар тирагиҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сайёраро раҳбарӣ кардаанд, демократия ҷаҳонро аз пандемия раҳо мекунад”.

Дар худи ИМА то ҳол 272 миллион дода воксинаи зидди COVID-19 ба мардум фароҳам шуда, мизони олудагӣ ва марг бар асари ин вирус дар қиёс бо чанд моҳи гузашта дар поинтарин сатҳ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG