Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби анбори силоҳи таркида як рӯз пеш аз таркиш дар наздикиҳои ҷосусони рус буд


Маҳалли анбори силоҳи таркида. Декабри соли 2014
Маҳалли анбори силоҳи таркида. Декабри соли 2014

Ду расонаи чехӣ – “Радиои чехӣ” ва маҷаллаи “Респект” рӯзи 17-уми май навиштанд, соҳиби анбори силоҳи IMEX Group Пётр Бернатик як рӯз пеш аз таркиши ин муасиса дар шаҳри Острава, дар наздикии меҳмонхонаи

Corrado қарор дошт. Дар ин меҳмонхона ду ҷосуси эҳтимолии рус Александр Петров ва Руслан Боширов хона иҷора гирифта буданд. Расонаҳо бо такя ба маълумоти телефонҳои мобили Бернатик маълум кардаанд, ки як рӯз пеш аз таркиши анбор дар деҳаи Врбетитсе рӯзи 15-уми октябри соли 2014 ин соҳибкор дар наздикиҳои меҳмонхона қарор дошт. Дар ҳамин рӯз, ба иттилои матбуот, кормандони ширкати IMEX ногаҳон амре гирифтанд, ки дар он гуфта мешуд, ки ҳама бояд як рӯзи истироҳат гиранд. Бернатик танҳо нафаре буд, ки як рӯз пеш аз таркиш ба дохили анбор даромада буд. Таркишро, ба қавли мақомот ва тафтишоти Чехия, Петров ва Боширов амалӣ карданд.

Маълум нест, ки Бернатик он замон дар шаҳри Острава чӣ мекард ва чаро дар назди меҳмонхона қарор дошт. Вакили ӯ ба журналистон гуфтааст, ки соҳибкор метавонист он замон савори мошинаш аз назди меҳмонхона гузарад ва дар чорроҳа мошинро нигаҳ дошт. Вакили ӯ гуфт, ки зерҳимояаш ҳеҷ гоҳ дар дохили меҳмонхонаи Corrado набуд ва ҳеҷ гоҳ бо шаҳрвандони Русия мулоқот накардааст. Журналистон маълум кардаанд, ки Бернатик давоми 40 дақиқа дар маҳаллаи назди меҳмонхона буд. Манбаъҳо дар хадамоти амнияти Чех ба таври махфӣ ба журналистон тасдиқ карданд, ки полис ҳаракати Бернатикро дар рӯзи 15-уми октябри соли 2014 бо ёрии телефони мобили ӯ нақшакашӣ кардаанд.

Баъди исташ дар Острава Бернатик ба деҳаи Врбетитсе рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте ӯ ба анбор дохил мешуд, танҳо буд. Ин воқеият ҳамкоронашро дар тааҷҷуб гузоштааст, чунки одатан соҳибкор ҳамроҳ бо Людек Петржик ҳамроҳ рафтуомад мекард. Петржик яке аз ду кормандони IMEX аст, ки дар таркиш кушта шуд.

Маълум шудааст, ки Бернатик тахминан се соат дар дохили анбор буд. Дар дохил он соатҳо ҳеҷ касе аз кормандон ҳузур надоштанд, чунки ҳамаро ба истироҳат фиристоданд.

Рафтори ин соҳибкор мавриди таваҷҷӯҳи тафтишот шуд. «Радиои чехӣ» менависад, ки моҳи феврали имсол Бернатик давоми 48 соат дар боздошт буд ва хонаашро кофтукоб карданд. Муфаттишон ӯро аз назари эҳтимоли пинҳон кардани иттило дар бораи таркиш бозпурсӣ кардаанд.

Мақомоти чех 17-уми апрели имсол гуфтанд, ки ҷосусони низомии русро дар ташкили таркиш дар анбори силоҳи Врбетитсе гумонбар медонанд. Раҳбарони Чех, ба истиснои президент Милош Земан, пойфишорӣ мекунанд, ки дар заминаи ҳодисаи таркиши анбори силоҳ танҳо як фарзия вуҷуд дорад ва он ҳам даст доштани Русия мебошад. Тахмин меравад, ки ҳадафи таркиш нобуд кардани муҳимоти ҷангӣ ва аслиҳа мебошад, ки барои хориҷа, эҳтимолан Украина, пешбинӣ мешуд.

Баъди ин Ҷумҳурии Чех 18 корманди сафорати Русияро аз хокаш берун кард. Баъди чанд иқдоми ҷавобӣ, Маскаву Прага ба мувофиқа расиданд, ки шумори кормандони намояндагии дипломатии ҳарду кишвар дар қаламравашон баробар мешавад. Русия ҳама гуна иттиҳом дар заминаи ташкили таркиш дар Чехро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG