Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон аз андоз қарздор шудааст. Вакилон сабукӣ доданд


Вакилони порлумони Тоҷикистон ба нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сабукӣ дода, онро аз пардохти фоиз ё баҳраи қарзи андоз (молиёт) озод карданд.

Бар асоси моддаи 73-юми Кодекси андоз, дар сурати таъхир дар пардохти молиёт қарзи андозсупорандагон бо фоиз ё баҳра ситонда шавад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки ин муқаррарот нисбат ба нерӯгоҳи "Роғун" татбиқ нагардад.

Мақомот бо ин ки тасдиқ мекунанд, нерӯгоҳи “Роғун” аз андоз қарздор аст, вале миқдори онро ошкор намекунанд. Масъулони Вазорати молия ва Кумитаи андоз ба дархостҳои зиёди мо дар ин бора посухи дақиқ надоданд.

Шамсулло Хайруллозода, як масъули Вазорати молия, рӯзи 12-уми май гуфт, дар ҳди коронавирус муштариён пули нерӯи барқро саривақт напардохтанд ва дар натиҷа нерӯгоҳ ҳам аз ҳисоби барқи интиқолдодааш қарздор монд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, сабукӣ ба як корхона, ин ҷабр ба андозсупорандаҳои дигар аст.

Нерӯгоҳи "Роғун", ки аз иншооти бузург ба ҳисоб меравад, дар назар аст, ба яке аз тавлидкунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёбад. Баъди солҳо таъхир ҳоло ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба кор даромада, барқ истеҳсол мекунад.

Озод кардан ё сабукӣ додан ба ин ё он ширкат дар пардохти андоз қаблан низ интиқодҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бахусус додани сабукӣ ба ширкатҳое, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур тааллуқ доранд, аммо мақомот мегӯянд, бархурдашон бо ҳама андозсупорандагон яксону одилона аст.

XS
SM
MD
LG