Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА воксинаи Pfizer ва BioNTech-ро барои эмкунии наврасон иҷоза дод


Дар ИМА истифодаи воксинаи сохтаи ширкати Pfizer ва BioNTech-ро барои эмкунии наврасони 12 то 15-сола иҷоза доданд. Хабаргузории Reuters гуфт, ки эмкунии ин гурӯҳи аҳолӣ аллакай рӯзи панҷшанбе шурӯъ шуда метавонад. Ин нахустин воксина аст, ки дар ИМА барои эмкунии кӯдакон иҷоза дода шудааст. Дар бархе кишварҳо воксинаи сохтаи ширкати Pfizer-ро аллакай ба наврасони аз 16-сола боло иҷоза додаанд. Мутахасиссон мегӯянд, ки эмкунии наврасон барои дастёбӣ ба иммунитети дастаҷамъӣ як қадамаи муҳим ба шумор меравад. Сирояти коронавирусро кӯдакону наврасон назар ба калонсолон сабуктар паси сар мекунанд, вале ин гурӯҳ метавонанд интиқолдиҳандаи вирус бошад. Моҳи сентябр таҳқиқот дар бораи муассир будани воксина барои гурӯҳи 2 то 11-солаҳо нашр мешавад. ИМА дар миёни кишварҳое мебошад, ки эмкунӣ дар миёни аҳолиаш бо суръати зуд ба роҳ монда шудааст.

XS
SM
MD
LG