Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандони тоҷик барои наслҳои оянда меваҳои нав мепарваранд. ВИДЕО


Иқтисоди Тоҷикистон асосан кишоварзист ва ҳар гуна тағйири ҳаво ба даромади мардум таъсир мегузорад.

Тағйири иқлим, ки бештар аз ҳама кишоварзон ҷабри онро мекашанду зиён мебинанд, донишмандони тоҷикро водор кардааст, ки дар пайи парвариши навъҳои тобовар ба иқлими гармтар шаванд.

Ҳикматуллоҳ Назиров, раиси Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ ва зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоест, ки ба ин кор машғуланд ва ба қавли ӯ ҳадафи ниҳоӣ серҳосил кардани дарахтони мева ва дигар зироатҳост:

"Вақте навъе офарида мешавад, бояд ба шароити иқлими ҷумҳуриамон мутобиқ бошад. Бубинед ҳозир мо дар сатҳи 920 метр баландтар аз баҳр қарор дорем ва тасаввур кунед, ки дар баландии 2500 метр оё ҳамин навъ парвариш карда мешавад ё не?”

Гиёҳшиносон ё ботаникҳои Тоҷикистон дар чанд соли гузашта чанд навъи нави себро парвариш кардаанд, ки ба шароити баландкӯҳ мутобиқ буда, ҳосили зиёд медиҳад. Ин корҳо асосан дар боғҳои Пажӯҳишгоҳи боғпарварию зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар Тоҷикистон меваҳои нави серҳосил офаридаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Гармиҳои ғайримунтазира дар зимистон, сардиҳои баҳор ва борони зиёд дар тобистон ба ҳосили аксари дарахтони мевадиҳандаро нобуд мекунад. Саидҷаъфар Абдуллоев, мудири пойгоҳи озмоишии Пажӯҳишгоҳи боғпарварӣ ва зироаткорӣ дар ноҳияи Файзобод мегӯяд, ин ниҳод ду боғи озмоишӣ дорад, ки яке дар баландии 1500 метр ва ва дуввумӣ дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.

Ӯ мегӯяд: “Навъҳое, ки мо озмоиш мекунем, ба монанди навъи айдарет, камспур, фуҷӣ дар минтақаи поёнии пойгоҳ омӯхта мешаванд. Навъи аз беруни кишвар воридшударо дар такпайвандҳои қадпаст, ба монанди тагпайванди М9, ММ106 пайванд мекунем. Ин навъи дарахти себи қадпаст дар заминҳои лалмӣ кишт мешавад, вале ҳосили мевааш ба мисли боғҳои обӣ мебошад”.

Феълан дар ин пойгоҳ 90 навъи чаҳормағз, 25 навъи себ ва чандин навъи ноку гелосу тут ва дигар анвои дарахтони мевадиҳанда парвариш ва озмоиш мешавад. Ҳикматулло Қодиров, номзади илмҳои кишоварзӣ: “Навъҳои файзободӣ, хуррамӣ, чормағзи қоғатӣ мегӯем, ки қариб пӯстлох надорад, мағзаш бисёру пӯсташ тунук. Ҳамин навъи чормағзро дар ҳамин пойгоҳ олимони тоҷик парвариш кардаанд. Дар ҳамин ҷо навъи чормағзе пайванд карда шудааст, ки як моҳ дертар аз чормағзҳои таҳҷоӣ ба шукуфоӣ шурӯъ мекунанд. Ин чӣ афзалият дорад? Масалан, чормағзҳои маъмулӣ ҳамасола аз таъсири сардиҳои баҳорӣ, ки барфу жола дар минтақаи мо зарар бинанд, ин навъи чормағзҳо аз ҳамаи офатҳо эмин мемонанд. Баъди гузаштани ҳама офатҳои табиӣ барг мекунанд. Бубинед, дигар чормағзҳо баргу гул кардаанд, ин ҳоло хоб аст”.

Тоҷикистон як кишвари умдатан кишоварзӣ аст ва тақрибан 70 дар сади мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Садҳо ҳазор нафар аз ҳисоби фурӯши мева ва ҳам сабзавот рӯз мегузаронанд ва тағйири иқлим ва гармоиши курраи Замин солҳои ахир ба ҳосили зироатҳои онҳо таъсири бад гузоштааст. Донишмандон мегӯянд, агар аз ҳоло анвои тобовар ба иқлими гармтар офарида нашавад, мумкин аст, амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон ба хатар рӯ ба рӯ шавад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG