Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли бобарори лимӯпарварон дар Хатлон. ВИДЕО


Соли 2018 барои лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун муносиб омад. Меваи тиллоранги хушбӯ, ки дар иқлими субтропикӣ мерӯяд, имсол табъи аксар хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзонро шод кард.

Дарахтҳои сермеваи гармхонаҳо харидоронро интизоранд ва мусаллам аст, ки бахши бузурги ин меваҳои хуштамъ ба бозори Русияву Қазоқистон бурда мешаванд. Аксар гамрхонаҳои ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳудуди 125 гектар замин бунёд шудаанд, интизор доранд, ки беш аз 3,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст меоранд.

Водии Вахш бо лимӯи навъи аъло на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Аммо навъҳои беҳтарини он дар Қумсангир пайдо мешаванд.

Сиҷоҳиддин Ҳафизов, сокини 26-солаи деҳаи Ҳазорчашма ҳунари лимӯпарвариро меросӣ меномад. Падараш ҳам ин ҳунарро дошт ва аз ҳисоби парвариши меваи тиллоӣ тавонист хона бунёд кунад. Сиҷоҳиддин ҳам умед дорад, ки шароити зиндагиашро дар хонаи нави худ беҳтар мекунад. Ӯ 40 дарахти лимӯ дорад ва ба гуфтааш, ин мева барои нигоҳубини хонаводаи 13-нафариаш кифоят мекунад.

Сиҷоҳуддин ва лимӯпарварони дигар маҳсулоти худро бомуҳаббат “тоҷикӣ” ва “худӣ” меноманд. Баъди таърихчаи беш аз ҳаштодсолаи муқими шудани ин мева дар Тоҷикистон, шояд ба ин ҳақ ҳам доранд. Лимӯи хуштамъе, ки соли 1908 – беш аз як қарн пеш аз ҷониби донишманди амрикоӣ Франс Мейер дар Чин кашф шуду солҳои 1930 ба қаламравҳои Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфт, дар илм "лимӯи навъи Мейер" номгузорӣ шудааст.

Соли муваффақи лимӯпарварон дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Хусусиятҳои "лимӯи тоҷикӣ"

Хусусияти ин навъ лимон дар дурага будани он - аз ҳисоби омезиши лимӯву апелсин -- ду меваи ситрусӣ аст, ки яке турш ва дигаре ширин аст. Ҳамин кашфиёти Мейер боиси пайдо шудани навъи нави лимӯ шуд, ки бо туршии мӯътадилу пӯсти борик ва бӯи хушаш бисёр серхаридор аст ва ҳоло бо навъҳои дигари лимӯ дар бозори ҷаҳонӣ ҳам рақобат мекунад.

Донишмандони тоҷик мегӯянд, ки лимӯи Мейер ба Тоҷикистон соли 1935 аз қисматҳои ҷанубии Русия оварда шуд ва ҳамон панҷ навдае, ки ба таври таҷрибавӣ ба ин кишвари гарму офтобӣ ворид гардид, ба иқлими ин кишвар мутобиқ шуд. Вале густариши васеи лимӯи Мейер дар Тоҷикистон ба солҳои 1950-60-ум рост меояд. Водии Вахш ватани лимӯи Мейер шуд, ки ҳоло бо исми "лимӯи тоҷикӣ" маъруф аст.

Лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар фосилаи 160-километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳосили фаровони меваро аломати боло рафтани даромади хонаводаашон арзёбӣ медонанд. Феълан дар ин қаламрав 12 ширкати деҳқонии парвариши лимӯ фаъол аст.

Хонаводаи Қутбиддин аз пули лимӯ зиндагӣ мекунад

Қутбиддин Аминов, сокини 28-солаи деҳаи Келинободи ноҳияи Ҷайҳун ҳам лимӯпарвар аст. Ӯ дар 15 сотих замин 40 дарахти лимӯро парвариш мекунад. Лимӯи худро "сурхлимӯ" меномад ва умед дорад, ки ду тонна ҳосил ба даст меорад. Мегӯяд, фоидаи софаш имсол метавонад беш аз 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад: "Лимӯ гармиро дӯст медорад, имсол ҳосил хуб аст. Ду тонна бештар хоҳад шуд, як килограммашро 8-9 сомонӣ мефурӯшем".

Қудбиддин Аминов, ки сол то сол харидори бештар дорад, ният кардааст, ки майдони парвариши лимӯро дар заминҳои дигари ҳавлиаш ҳам ба роҳ монад.

Лимӯпарвар Ҷӯрабек Маҳмадаминов, як сокини дигари ноҳияи Ҷайҳун, ки ин рӯзҳо ба чидани ҳосили лимонхонааш оғоз кардааст, мегӯяд, харидорон аллакай дари ӯро мекӯбанд. Ин харидорон баъдан лимӯро ба бозорҳои Русия ва Қазоқистон мебаранд:

"Худатон дидед, ки ҳосил хеле хуб аст, даҳ сол шуд парвариш мекунем. Аз як лимонхона то 10 ҳазор сомонӣ даромад мегирем. Лимӯпарварӣ аз бобою падарам мондааст. Лимӯи мо бештар ба хориҷа меравад, чун обдор ва тамъаш хуб аст".

Ҷӯрабек Маҳмадаминов беш аз 100 дарахти лимӯро дар чаҳор лимонхонааш парвариш мекунад ва зиндагии хонаводаи 15-нафараро бо даромади лимӯ ва дигар ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ пеш мебарад.

Ҳосили беш аз пеш дар Ҷайҳун

Лимӯи ноҳияи Ҷайҳунро дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамчун як туҳфаи хуб дона-дона ҳам ба хориҷа мебаранд. Ба гуфтаи Маҳмадаминов, "ҳоло касе ба муҳоҷират ё хориҷа равад, лимӯро чун туҳфа мебарад".

Арзиши лимӯ бо тадриҷан берун шудан аз қаламрави ноҳияи Ҷайҳун боло меравад. Агар нархи як килограмми он барои харидорони умда 8-10 сомонӣ бошад, дар маркази вилояти Хатлон 9-13 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нуралӣ Валиев, сардори Идораи кишоварзии ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки агар интизороти онҳо дуруст барояду 3,5 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ шавад, ин нишондод назар ба соли гузашта як тонна бештар мешавад. Ӯ гуфт, "лимӯ бештар ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон интиқол меёбад. Ин бахш сол ба сол рушд мекунад ва соли оянда қарор аст 12 гармхонаи дигар таъсис шавад".

Водии Вахш бо лимӯи навъи аъло на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Аммо навъҳои беҳтарини он дар Қумсангир пайдо мешаванд ва кишоварзони ин минтақа дар тӯли солҳо устоди лимӯпарварӣ шудаанд. Фурӯши лимӯи водии Вахш дар Русия ҳанӯз замони шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд ва дар баробари истеҳсолу фурӯш аз роҳҳои давлатӣ, бархе кишоварзон бо роҳҳои инфиродӣ ҳам ба Русия лимӯро бо мошин мебурданд.

XS
SM
MD
LG