Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзӣ ба картошкапарварони ду ноҳия 60 тонна тухмии картошкаи ҳолландӣ тақсим кардааст, то кишварзон тавонанд ҳосили баланд ба даст оранд. Ин кӯмаки Иттиҳодияи Аврупоро кишоварзони тоҷик дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба бемории COVID-19 муассир арзёбӣ мекунанд.
Картошка дар Тоҷикистон "нони дуввум" хонда мешавад ва камбуди ин навъ маҳсулот ба буҷаи аксар хонаводаҳо таъсир дорад.Тақсими тухмии картошкаи навъи "Ред Скарлетт"-и ҳолландӣ ба 120 кишоварзи ноҳияи Нуробод ва Шаҳристони вилояти Суғд оғоз шудааст.
Бунафша Азимова, масъули дафтари ин созмон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар зудтарин фурсат ба ин кишоварзон боз 80 тоннаи дигар тухмӣ тақсим карда мешавад.
Ба гуфтаи вай, коршиносони созмон интизор доранд, кишоварзон аз ин миқдор тухмӣ як ҳазор тонна ҳосил хоҳанд гирифт. Далер Абдуллоеви 38-сола, сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар канори 40 гектар чарогоҳ як гектар замини корами обӣ дорад ва ҳамасола дар он картошка кишт мекунад.
Ҳарчанд аз ҳосили соли гузашта барои кишти баҳорӣ тухмии картошкаро захира кардааст, аммо фикри хариди нуриҳо барои гирифтани ҳосили хуб азияташ медиҳад. Зеро, дар пайи хуруҷи бемории COVID-19, мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ вай барои хариди миқдори зарурии нуриҳои минералӣ пули зиёде дар даст надорад.
Аммо, вай ба умед аст, ки аз кишти навъи нави картошка имсол ҳосили хуб ба даст меорад: "Ин навъи нави картошка дар минтақаи мо аст ва ҳоло хуб намедонем, ки ин зироатро чӣ гуна нигоҳубин кунем. То ҳол картошкаи маҳаллӣ кишт карда, аз як гектар замин аз 20 то 40 тонна ҳосил мегирифтам."
Дар намояндагии Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз тақсими тухмии картошка, мутахассисон ба кишоварзони тоҷик парвариши ин навъи картошкаро меомӯзанд. Ҳамчунин бо сармоягузорони ин тарҳ музокирот барои ройгон фароҳам кардани нуриҳои минералӣ идома дорад.
Аммо, Абдусаттор Нарзуллоев, мутахассиси картошкарпарварӣ аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мегӯяд, сокинони ин минтақа ба парвариши навъҳои маъмулии картошка, ки дар бозорҳо харидори зиёд доранд, одат кардаанд. Ба эътиқоди вай, интихоби ноҳияи Шаҳристон барои озмоиши парвариши ин навъи нави картошка чандон дуруст нест.
Ба гуфтаи Нарзуллоев, "мавзӯи асосӣ ин аст, ки картошкаи ин навъи ҳолландӣ чӣ қадар ҳосил медиҳад? Дар солҳои 90-уми асри гузашта як навъи картошкаи сурхи ҳолландиро кишт мекардем, ки ба сабаби таркиби хоки замини мо дохилаш сурх мешуд ва харидоргир набуд. Аммо, агар ҳоло навъи хуберо оварда бошад, имкон дорад, ин тухмӣ ҳосили хубе диҳад."
Соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 33 ҳазор гектар картошкат кишт кард, зиёд аз 650 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ карда буданд. Аммо, дар баҳори соли ҷорӣ дар пайи эълони хуруҷи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон нархи ин навъи ғизо дар бозорҳо бамаротиб чанд баробар боло рафт. Барои мисол, агар зимистони имсол нархи як килограмм картошка се сомонӣ буд, дар моҳи гузашта арзиши он то 10 сомонӣ барои як килограмм афзоиш ёфт.
Ҳамасола дар фасли баҳор мақомот нархи картошка дар бозорҳоро аз тариқи воридоти он аз Покистон танзим мекард. Аммо, ҳоло марзҳо баста аст ва мақомот фавран бо вуруди картошка аз Русия талош карданд нархи "нони дуввум"-ро пойин баранд.
Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта, замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба кишоварзон дар рушди ин соҳаи иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
Қариб да ҳама давлатҳои пешрафта чунин рафтор мекунанд. Корфармо бояд масрафи транспорт, ҷои хоб ва ғизоро бодя таъмин кунад. Барад ва бозгардонад ба ватан. Ва коргар бояд ҳама маъалаҳои пешгузоштаи корфарморо иҷро кунад ва ҷои корро бе иҷозат тарк накунад чи дар вақти соати кори е берун аз он. Русҳо ки худашон айни замон мушкили зиед доранд, муҳоҷиронро кам аҳамият медиҳад. Ва агарне муҳоҷир будан худ аз ғуломи ҳеҷ фарқе надорад. Агар мехоҳед ки мисле муҳоҷире ки корҳои хубро дар оффис шишта анҷом медиҳанд бояд ҳатман да кудаки ай пушти хондан шавед.
Боз ҳамон афсонаи куҳнаи арабҳоро ба ёд овардӣ? Афсонаҳои духтари худро ба занӣ гирифтан ё бахшидани зани худ ба марди бегона, яке аз паҳнгаштатарин афсонаҳо дар байни динҳо ва қавмҳои мухолифанд. Ба ин монанд афсонаро дар аввали асри бист узбакҳо истифода бурда, тоҷиконро пора-пора карда, шаҳрҳои таърихии онҳоро аз худ карданд. Ҳатто ҳоло ҳам узбакҳои радикал ҳар тоҷикеро, ки худро форсизабон меномад, муҳри мулҳидиву зардуштӣ зада, ҳамин афсонаи гуфтаи туро сари онҳо бор мекунанд. Маҳз барои ҳамин ҳоло ҳам "элитаи" сиёсии Тоҷикистон аз номи аслии забони модарии худ - "забони форсӣ" шарм медоранд. Яъне то имрӯз нақши қамчини абераҳои Чингизу Аблайхану Темури Ланг дар мағзи сари онҳо баръало дида мешавад. Озодӣ, чоп кунед.
Хама домангири рахмону авлодаш шавед. мардуми бечора сол то сол сарсону саргардон. авлод бошад пули азмардум ситонидаро намедонад ба кучо сарф кунад. зиндаги дар точикистон аз барои як нафар маънояшро гум кардааст. акнун халки точик аз сафсатахои фабрикаи фиреб натарсида дигаргуни мехохад. фурсате расидааст ки хеч як гунахкор ба хеч кучо гурехта наметавонад. давлатхои абадкудрат аз ин гуна корупсионерхо безор аст. мургхо зери чанголи укобхо мегарадн.)))
Точикистон як заводи зур дорад дар кураи замин. Ягон давлат инхел завод сохта наметонад секретда секрет "ГУЛОМБАРОРИ" китоби мошни хондан даркор ТОЧИКИСТОН БА ПЕШ. БА ПЕШ.БА ПЕШ.
Артиши миллии Точикистон бояд ба биологический аттакахо худро эмин дошта тавона аср асри навай дигар силоху аслиха танку АК кор намия як КОВИД 19 биологический террор буд тамоми чахона на колени шинонд. Шумо бошен дар бораи силоххои асри 19 гап задестен