Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави USAID дар Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва дониш. ВИДЕО


Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Кит Симмонс, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон мусоҳиба кард.
Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Кит Симмонс, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон мусоҳиба кард.

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон тасмим дорад, кумакҳояш дар бахши кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, зистмуҳитӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизоро бештар ва доираи амалисозии барномаҳояш дар саросари кишварро тақвият диҳад.

Кит Симмонс, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтиссосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи лоиҳаҳои наздимарзӣ, назорати кумакҳои ироашуда ва ҳамкориҳои ин оҷонсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон суҳбат кард.

Дар бораи марз

Радиои Озодӣ: Бо сармоягузории USAID даҳҳо барномаи ҳамгирӣ ва коҳиши ихтилофот дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ гаштаанд. Оё рӯйдодҳои охир аломати комёбии ин барномаҳо буда метавонад?

Кит Симмонс: Албатта USAID дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои минтақавӣ дорад. Ду барномаро бо марзи Қирғизистон метавонам бигуям: яке барномаи минтақавӣ оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон тавассути Тоҷикистон, Афғонистон ба Покистон ва дуюм, лоиҳа оид ба тақвияти тиҷорат миёни ин ду кишвар аст. Тамоми лоиҳаҳо барои ҳамкории минтақавӣ таҳия гардидаанд ва мо доимо ҳалли сулҳомези ҳама гуна қазияҳоро таъкид мекунем.

Навори суҳбатро инҷо тамошо кунед.

Аз кишоварзӣ то тандурустӣ. Барномаҳои нави USAID дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:48 0:00

Радиои Озодӣ: Моҷарое, ки дар марз гузашт, мавриди нигаронии шарикони зиёди байналмилалии Тоҷикистону Қирғизистон шуд. То ҳол ИМА дар ин замина изҳори назар накардааст. Шумо дар ин замина чӣ назар доред?

Кит Симмонс: Ин марбут ба фаъолияти Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID нест. Аз ин хотир мешавад ба ин суол аз дигар шӯъбаҳои сафорати ИМА посух гирифт.​

Кори USAID дар гузашта ва имрӯз

Радиои Озодӣ: Оҷонсии USAID давоми фаъолияти худ ба Тоҷикистон ҳудуди як миллиард доллар кӯмакҳо расонидааст. Оё дар назар аст, ки ҳаҷми кӯмакҳо дар оянда бештар шаванд?

Кит Симмонс бо намояндаи Вазорати тандурустӣ
Кит Симмонс бо намояндаи Вазорати тандурустӣ

Кит Симмонс: Ҳамаи он лоиҳаҳо аз соли 1991 то моҳи октябри соли гузашта бо мақсади ҳамкории минтақавӣ бо панҷ давлати Осиёи Марказӣ таҳия гардида буданд. Шурӯъ аз моҳи октбри соли гузашта, Ҳукумати Амрико муносибатҳои моро бо Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд ва мо муносибатҳои дуҷонибаамон ба марҳилае расондем, ки он берун аз лоиҳаи USAID дар Алмаато ба роҳ монда мешаванд. Аз соли 1991 то ин ҷониб барномаҳоро ба маблағи 650 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудем. Айни замон чаҳорчуби стратегияи барномаҳоямонро, ки дар муддати се сол амалӣ мегарданд, таҳия мекунем. Дар таҳияи ин стратегия, мо бо шарикамон ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зич дорем. Он чизеро ки мо дар доираи ин стратегия дар назар дорем, кушиш мекунем, ки дар рушди ин кишвар саҳме гузорад. Барномаҳоеро, ки мо амалӣ мегардонем, дар асоси дархости ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардидаанд. Аз ҷумла, дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ мо барномаеро оид ба пешгирии бемории сил таҳия мекунем. Инчунин дархост карданд, дар масоили назорати эпидемологии бемории Вируси Норасоии Масъунияти Одам, саломатии модару кӯдак ва коҳиш додани сатҳи маргумири модарон ва кӯдакон кумак расонем. Бо Вазорати маориф ва илм ҳам чунин аст. Мо дархост гирифтем, ки барои баланд бардоштани сатҳи натиҷаҳои малакаи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ҳамкорӣ кунем. Барномаҳои мо 80 дарсад мактабҳои ибтидоиро дар Тоҷикистон фаро гирифтаанд. Бо сабаби истифодаи усулҳои нави таълим мо натиҷаи хуб гирифтем. Муаллимон бо таҷрибаи беҳтарини таълимӣ-омӯзишӣ ва толибилмон бо натиҷаи хубтари малакаи хондан ва малакаи ҳисобу китоб. Ин идеяро мо дар тамоми кишварҳо пайгирӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти муноқишаҳои ахир ин эҳтимол ҳаст, ки муассисаи шумо барномаҳое барои тақвияти субот ва аз байн бурдани решаҳои низоъро амалӣ кунад?

Кит Симмонс: Маблағи 1 миллиард ин дар умум кумак аз ҳукумати Амрико аст, ки 650 миллиони он аз сӯи USAID мебошад. Бале, ман умедворем, ки вақте таҳияи барномаҳоро бо ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчуби стратегияи нав ба итмом расонем, ният дорем, ки маблағи иловагиро барои амалӣ гардонидани фаъолиятҳои USAID дар Тоҷикистон дархост намоем.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ

Радиои Озодӣ: USAID ба кадом бахшҳо ва арсаҳо дар Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ дорад ва кумак мекунад?

Кит Симмонс: Яке аз бахшҳое, ки ман фикр мекунам, маблағгузорӣ афзояд ин соҳаи энергетика аст. Бори дуюм аст, ки бо вазири энергетика ва захираҳои об мулоқот доштам. Далер Ҷумаев худ аз бахши хусусӣ- "Помир Энержӣ" омадаанд. Дар вилояти Бадахшон мо лоиҳаи бисер ҳам хубро амалӣ сохтем. Соли гузашта дар ҳамкорӣ бо "Помир Энержӣ" баландарин неругоҳи офтобиро дар Мурғоб бо иқтидори 220 КВт маблағгузорӣ кардем. Инчунин неругоҳи обии “Khatfat”-ро дар водии Бартанг ба иқтидори 400 киловатт/соат пайваст намудем. Тоҷикистон ба захраҳои обии худ зиёд такя мекунад, чун захираҳои оби бой дорад. Вале мушкилиҳои зиеди марбут ба ҳифзи муҳити зист, дигаргуншавии иқлим ҷой доранд ва инсон онҳоро эҷод мекунад. Дигар бахш барои ҳамкорӣ – ин амнияти озуқаворӣ аст. Феълан дар вилояти Хатлон лоиҳа оид ба амнияти озуқаворӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ гашта истодааст ва имконият дорад, ки онро дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ кунем, вале он аз Ҳукумати Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

USAID дар Мурғоб нерӯгоҳи офтобӣ сохт
USAID дар Мурғоб нерӯгоҳи офтобӣ сохт

Радиои Озодӣ: USAID ба рушди озодии баён дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ мекунад, вале вазъ сол то сол бадтар мешавад. Оё таҳлиле сурат гирифтааст, ки чаро чунин мешавад ва ислоҳе дар кори ниҳоди шумо дар назар аст?

Кит Симмонс: Дар ин ҷода фаъолияти минтақавӣ таҳти унвони "MediaCamp" дорем, ки панҷ давлатро дар Осиёи Марказӣ дарбар мегирад, ки онро "Интернюс" амалӣ мегардонад. Дар Тоҷикистон бошад бо ҷалби ҷавонон ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳо дорем. Дар ҳар бахш мо бо ВАО кор мекунем. Аз ҷумла бо лоиҳаҳои марбут ба бемории сил ва ВНМО. Бархе нафарони гирифтор дар бораи ин беморӣ маълумоти нодуруст доранд, ин нафарон аз ҷониби ҷомеа хуб қабул намешаванд. Мо мебинем, ки ВАО маълумотнокии мардумро дар бораи ин гуна масоил баланд мебардорад. Ҳафтаи гузашта дар як озмун иштирок кардам. Мо чаҳор то панҷ рузноманигорони беҳтаринро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кардем. Ин озмун оид ба навиштани мақолаи беҳтрин дар бораи доғ ва табъиз дар бораи бемории сил ва баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа дар бораи чунин беморон буд.​

Кумакҳоро кӣ назорат мекунад?

Радиои Озодӣ: Оё USAID кумакҳоеро, ки ба Тоҷикистон ироа мешаванд, назорат мекунад? Чун ҳукумат дар гузашта ба бархе созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ гуфта буд, ки кумакҳоро дар ихтиёри онҳо бигузоранд ва худи онҳо тақсим мекунанд. Шеваи тақсими кӯмакҳои USAID чи гуна аст?

Кит Симмонс: Бале. Тақсими кумакҳо чунин сурат мегирад: ҳамаи кумакҳои мо аз ҷониби шарикони татбиқкунанда амалӣ мегарданд. Маблағгузории мо мустақилан ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол намегардад, аммо бо ҷониби Тоҷикистон дар муайян намудани соҳаҳои ҳамкорӣ фаъолият мекунем. Баъдан бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ тендерҳо барои амалӣ кардани ин лоиҳа гузаронида мешаванд. Мо ҳамеша лоиҳаҳоямонро назорат мекунем, то итминон дошт бошем, ки маблағ бидуни қаллобӣ ва сарфи беҳуда, дуруст истифода мешавад. Ҳар он амалиёте, ки мо анҷом медиҳем, таҳти назорат аст, то боварӣ дошта бошем, ки онҳо мувофиқи шарту қоидаҳои грант амалӣ мегарданд. Ба таври мисол – нафаре дар чаҳорчуби грант компютерҳо мехарад. Маблағи бозории он ҳазор сомони аст, вале дар санад 2000 сомонӣ навиштааст, албатта мо медонем, ки ин 1000 сомонии дигар ба манфиати каси дигар аст. Мо ҳамеша нархи бозорро ба арзиши дар санад оварадашуда муқоиса мекунем. Яъне, ин як намуна аст, ки мо чигуна назорат мебарем. Вақте ин гуна ҳодиса рух медиҳад, мо нозиронро даъват мекунем, то ҷараёни амалӣ кардани лоиҳаро аз санҷиш гузаронанд.​

Минтақаҳо чӣ гуна интихоб мешаванд?

Радиои Озодӣ: USAID минтақаҳоеро, ки ба онҳо кумак ироа мешавад, бар асоси кадом меъёр интихоб мекунад?

Кит Симмонс: Барномаи “Озуқаворӣ ба хотири фардо“ дар вилояти Хатлон дар ҷодаи амнияти озуқаворӣ амалӣ мегардад. Мо 12 ноҳияро барои фаро гирифтан дар ин лоиҳа интихоб кардем. Барои таҳияи ин лоиҳа, нахуст чанд нуктаро ба инобат мегирем. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ, фавти модару кӯдак ва ғизонокии хӯрок дар ин ноҳияҳоро муйян кардем. Вобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноҳияҳоеро, ки баландтарин нишондодҳоро доранд, интихоб кардем. Бояд гуфт, ки ба натиҷаҳои хуб ноил гаштем-сатҳи нишондоди фавти модару кудак коҳиш, сатҳи ғизонокии хӯрок афзоиш ёфт ва умед дорем, ки соли оянда бо натиҷаҳои назаррас аз вилояти Хатлон, дигар шаҳру ноҳияҳоро дар доираи ин лоиҳа фаро хоҳем гирем. Мо фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи ҷамоату деҳа то маҳал пеш мебарем.​

Ҳамкорӣ бо мактабҳои ибтидоӣ ва ташаккур ба ҳукумат

Радиои Озодӣ: Баъзе модарон шикоят доранд, ки дар минтақаҳои берун аз шаҳрӣ боғчаҳои кудакона намерасанд. Оё USAID дар ин самт корҳое анҷом додааст?

Чопи китобҳои бадеии кӯдакона бо маблағгузории USAID
Чопи китобҳои бадеии кӯдакона бо маблағгузории USAID

Кит Симмонс: На, дар ин ҷода USAID фаъолият намекунад. Барои ин донорҳои дигар ҳастанд, яъне оҷонсиҳое, ки дар ин ҷода кор мекунанд. Мо танҳо бо мактабҳои ибтидоӣ ҳамкорӣ мекунем, он ҳам бошад, дар омода сохтани усулҳо ва таҳия намудани маводҳои таълимӣ. Ба таври мисол лоиҳаи “Бо мо бихонед”. Дар марҳилаи якум 14 дарсади хонандагон натиҷаи хуб доданд, дар марҳилаи дуввум бошад, аллакай 40 фоиз ба усулҳои нави хониш ноил гаштанд, умед дорем, ки марҳилаи сеюм ин рақам то 80 дарсад мерасад. Мо бо кӯдакистон ва ё мактабҳои олӣ ҳамкорӣ надорем.

Радиои Озодӣ: Дақиқан метавонед бигӯед, ки барои беҳтар кардани таълим аз кадом усулҳо истифода мекунед?

Кит Симмонс: Дақиқ гуфта наметавонам, чун ман мутахассис нестам, вале мехоҳам қайд кунам, ки мактабҳоро бо маводҳои таълимӣ, ки дар ҳамкорӣ бо муаллимони тоҷик таҳия гардида буданд, таъмин менамоем. Инчунин мо таҷрибаи хуби ҷаҳониро истифода мебарем. Мо барои таҳия кардани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон кумак мекунем ва тасмим дорем, ки 1,3 миллион китобҳоро ба 3000 мактаб дастрас намоем. Хубии ин иқдом дар он аст, ки истифодаи ин таҷриба дар Тоҷикистон ҳамчун як намуна хоҳад буд. Инчунин бояд гӯям, ки ҳангоми пандемия, дар ҳамкорӣ бо телевизиони "Баҳористон" ва театри "Лухтак" мо барномаҳоеро омода сохтем, ки онҳо ба баланд бардоштани қобилияти омӯзиш тавассути телевизион мусоидат намуданд.

Дар охир мехостам ба ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои нав ва барои кумак дар муайян кардани бахшҳо изҳори ташаккур намоям. Ман фикр мекунам, ки дар чаҳорчуби ҳамкориҳо шаффофияти кори ҳарду ҷониб бисёр муҳим аст. Мо хуб дарк мекунем, ки шояд барои амалӣ гардондани ҳамкориҳо дар бахшҳои мушаххас маълумоти камтар дошта бошем. Танҳо дар ҳолати гуфтушунидҳои озод метавонем барномаҳои хубро тарҳрезӣ намоем, то Тоҷикистонро ҳамчун як давлати демокративу соҳибихтиёр ва мустақил ва шукуфон бинем.

XS
SM
MD
LG