Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯгоҳи офтобӣ нӯшдору нест". Дар Мурғоб аз камбуди шадиди барқ шикоят доранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сокинони Мурғоб, ноҳияи баландкӯҳу хунуки Тоҷикистон, аз камбуди шадиди барқ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо, пас аз насби нерӯгоҳи офтобӣ низ вазъ беҳтар нашуд ва дар ду шабонарӯз ҳамагӣ 12 соат барқ доранд.

"Дар асри 21 бебарқу бетамос"

Шодӣ, сокини ноҳияи Мурғоб, бо сабаби камбуди барқ телефони худро дар шабонарӯз як бор фаъол мекунад. Вай мегӯяд, “агар соли гузашта барқро рӯз дар миён медоданд, имсол онро низ ба ду бахш тақсим карданд. Дар ду шабонарӯз ҳамагӣ 12 соат барқ дорем, 36 соати дигари он гум мешавад.”

Ба гуфтаи Шодӣ, ҳоло беморхонаву ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барқи доимӣ доранд. “Дар ин қадар сол одат кардем, ки чӣ гуна бе барқ рӯз бигзаронем. Ҳама хонаҳои худро бо ангишту василаҳои дигар гарм мекунанд. Аммо дар хонадорӣ беҳтар аст, ки барқ бошад ва боз ин ки мо барои ин пули зиёде мепардозем”, -- шарҳ дод ӯ рӯзи 14-уми январ.

Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Зимистон дар шаҳраки маркази ноҳия ҳаво то 30 дараҷа хунук мешавад ва дар минтақаҳои доманакӯҳу баландкӯҳ то 50 дараҷаи зери сифр меравад.

"Нерӯгоҳҳо пайдо шуданд, аммо мушкил ҳал нашуд"

Моҳи сентябри соли 2018 ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа нерӯгоҳи “Тоҷикистон” бо тавоноии 1,5 ҳазор КВт/с ба истифода супурда шуд. Ин нерӯгоҳ бар пояи нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу” ва бо маблағгузории Бонки Рушди Олмон (KfW) бозсозӣ шуд, ки барои тарҳ 11 миллион доллар дода буд.

Баъди ду сол, моҳи ноябри соли 2020 дар ноҳия бо маблағгузории Оҷонси рушди байналмилалии Амрико (USAID) нерӯгоҳи офтобии тавоноияш 220 КВт ба истифода дода шуд. Ҳадафи тарҳ, ба гуфтаи таҳягарони он, комил кардани нерӯгоҳи “Тоҷикистон” бо энергияи барқароршаванда (таҷдидпазир) аст.

Сокинони маҳалӣ, бо такя ба хомӯш кардани барқ, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нерӯгоҳи офтобӣ аз кор мондааст, вале дар ширкати “Помир Энержӣ” ин иттилоъро рад мекунанд.

“Нерӯгоҳи офтобӣ вобаста ба шароити табиӣ кор мекунад. Рӯзона ёрӣ мерасонад, ки обро захира кунем то шабона онро барои истеҳсоли барқ истифода кунем”, -- гуфт ба Радиои Озодӣ як корманди баландпояи “Помир Энержӣ” бо шарти зикр накардани номаш. Ба қавли ӯ, ширкат дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг ният дорад нерӯгоҳ бисозад.

Пештар Радиои Озодӣ дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон навишта буд. Шоҳфозил Шоҳназиров, корманди масъули ширкат он замон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъ бар асари сардӣ дар Яшикӯл рух медиҳад, ки дар навъи худ барои дарёи Ғунд обанбор ҳам ба ҳисоб меравад. Сатҳи об дар ин дарё ба истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои “Помир-1” ва “Хоруғ” асар мегузорад.

Таъмини барқ дар ин вилоятро ширкати “Помир Энержӣ” ба дӯш дорад. Ин ширкат дар шакли ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, дар асоси Шартномаи консессионӣ амал менамояд. Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Оҷонси Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрӯз мондаанд. Ширкат дар асоси лоиҳаи хусусӣ ташкил шудааст.

Арзиши барқ дар ВМКБ нисбат ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон болотар аст. Сокинони вилоят барои ҳар як киловат/соат барқ 27 дирам (бо шумули НДС, молиёт аз арзиши иловашуда) мепардозанд. Пештар сокинони вилоят мушкили норасоии барқ надоштанд.

XS
SM
MD
LG