Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тоҷикистон 56 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак кард


Иёлоти Муттаҳида тавассути Оҷонси Амрико дар умури рушди байналмилалӣ ба Тоҷикистон беш аз 56 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ кумак кард. Ин ёрӣ аз ҷумла ба шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар карантин ҳастанд.

"Дар доираи барномаи "Маҳсулоти ғизоӣ ба номи сулҳ"-и USAID ба маблағи беш аз 171 ҳазор доллар ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ кумак карда шуд", - омадааст дар хабари сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, кумаки мазкур ба муассисаҳои тиббии зидди сил, бемориҳои онкологӣ, равонӣ ва инчунин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳо расонида мешавад.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, айни ҳол дар кишвар ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Ахиран Вазорати тандурустии кишвар гуфт, аз 1-уми феврал то кунун беш аз 7 ҳазор касе, ки аз хориҷ баргаштанд, ба карантин гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG