Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз чор эътирозгари беларусӣ ҳукм гирифтанд


Минск, мурофиаи додгоҳии таҳқири намояндаи давлат
Минск, мурофиаи додгоҳии таҳқири намояндаи давлат

Дар Беларус чанд фаъоли ширкатдори намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои президенти Беларус Александр Лукашенко ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Дар Беларус баъди интихоботи президентии моҳи августи порсол эътирозҳои сартосарӣ сар зад ва мақомот даст ба саркӯбу боздошти фаъолон заданд. Рӯзи 6-уми май додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск Сергей Сикорскии 45-соларо дар ширкат дар “беназмиҳои ҷамъиятӣ ва нигаҳдории нашъа” гунаҳкор карда ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Сикорски яке аз эътирозгароне буд, ки рӯзи 9-уми август ба нишони норизоият аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август дар раҳпаймоиҳо иштирок кард. Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ дар қудрат аст. Мухолифонаш мегӯянд, ки натиҷаҳои интихоботи ахир ҳам тақапллуб шуд ва барандаи воқеӣ намояндаи мухолифон Светлана Тихановская мебошад. Вақте полис барои пароканда кардани эътирозгарон омад, онҳо ба сӯи ходимони полис сангу дигар чизҳо партофтанд. Сикорски дар додгоҳ гуфт, ки воқеан ҳам дар намоишҳои эътирозӣ иштирок кард, вале ҳеҷ кори баде накарда, баръакс, ба онҳое, ки аз ҷониби полис ҳамла шуданд, ёрӣ расонидааст. Маълум нест, ки дар заминаи доштани маводи мухаддир ӯ чӣ посух додааст. Муфаттишон мегӯянд, ки вақте моҳи сентябр ба хонаи Сикорский барои боздошти ӯ рафтанд, диданд, ки ӯ таҳти таъсири маводи мухаддир буд ва инро санҷиши тиббӣ ҳам тасдиқ кардааст ва гӯё баъдан маълум карданд, ки ӯ як тоҷири нашъа будааст.

Додгоҳи Первомайский рӯзи 6-уми май Евгений Рапин, эътирозгари дигарро ба се соли зиндон маҳкум кард ва гуфт, ки ӯ моҳи октябр дар як намоиши эътирозӣ дастгоҳи наворбардории амниятии насбшуда дар девори бездоштгоҳи шаҳри Минскро шикастааст. Рапин, падари се фарзанд, дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуд ва бо ҳамин сабаб муҷозоти сабуктар гирифт. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Рапин ба корҳои маҷбурӣ фиристода шуда, айни замон дар маҳалли начандон дур аз хонааш қарор хоҳад дошт.

Инчунин дар шаҳри Брест рӯзи панҷшанбе сокини маҳаллӣ Сергей Зубович ба 18 моҳи маҳдудияти озодӣ маҳкум карда шуд. Зубович бо иттиҳоми нашри таҳқир дар ҳақи сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва фасод Михаил Карпянков, ки ҳоло муовини вазир аст, гунаҳгор дониста шуд. Нафари чоруме, ки ҳамчунин дирӯз ба 18 моҳи маҳдудияти озодӣ ва пахши иттилои дурӯғин дар бораи полис маҳкум шуд, Людмила Тсарану мебошад. Тсарану гуфт, ки худро гунаҳгор намеҳисобад.

XS
SM
MD
LG