Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист сол ҳукми зиндони дипломати баландпояи Эрон дар Белгия


Дипломати Эрон Асадуллоҳ Асадӣ

Ҳукми 20 сол зиндони дипломати эронӣ дар Белгия баъди он ки аз шикоят бурдан ба додгоҳи зинаи болоӣ даст кашид, ба иҷро даромад. Ӯро ба қасди бомбгузорӣ дар тазоҳуроти мухолифон дар Париж гунаҳкор карданд.

Вакили дифоъ рӯзи 5-уми май гуфт, ҳукми додгоҳ пас аз он ба иҷро даромад, ки Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати эронӣ дар Вена, аз шикоят бурдан даст кашид. Асадӣ рӯзи 4-уми феврал пас аз таҳрезии бомгузорӣ дар тазоҳуроти Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон (ШММЭ), як гуруҳи мухолифони фирорӣ дар Париж, моҳи июни соли 2018 гунаҳкор дониста шуд.

Се айбдоршавандаи дигар низ, ба ин ҷурм аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Бомбгузории қаблан таҳрезишуда дар пайи як амалиёти ҳамоҳангшудаи мақомоти амнияти Фаронса, Олмон ва Белгия ҷилавгирӣ карда шуд.

Ҳукумати Эрон ин ҳукмро шадидан маҳкум карда, иттиҳом алайҳи дипломатро рад кард ва гуфт, иттиҳомоти Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон, ки Теҳрон ин гуруҳро террористӣ мехонад, дурӯғ аст.

Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон, як ҷиноҳи мухолифони дар табъид қарордоштаи "Муҷоҳидини Ҳалқ" аст, ки мехоҳад ҷумҳурии исломиро сарнагун кунад. Додситон Ҷорҷ-Анри Боте рӯзи 5-уми май дар Антверпен гуфт, мақомоти Белгия кафолат доданд, ки Асадиро бо шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ, ки дар Эрон дар боздошт ҳастанд, иваз намекунад.

"Ҳукумати Белгия ин гуна табодулро (манзур табодули зиндониён) ҳеҷ гоҳ матраҳ нахоҳад кард", -- гуфт ӯ.

Асадӣ нахустин мансабдорӣ эронӣ аст, ки бо ҷурми терроризм дар Аврупо пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 дар додгоҳ муҳокима шуд.

Асадӣ нахуст дар Олмон боздошт шуда, баъдан барои муҳокима ба Белгия супурда шуд. Дар ҳукми додгоҳи Белгия гуфта мешавад, Асадӣ шабакаи ҷосусии Эронро роҳбарӣ дошт ва бо амри Теҳрон амал мекард.

XS
SM
MD
LG