Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзонро дар Тоҷикистон як сол аз пардохти андози замин озод карданд


Рофеъ Раҳмонов, кишоварзи тоҷик аз Ҳисор
Рофеъ Раҳмонов, кишоварзи тоҷик аз Ҳисор

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз тарҳе, ки кишоварзони тоҷикро аз андоз ё молиёти ягонаи замин озод мекунад, ҷонибдорӣ карданд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май дар ҷаласаи порлумон гуфт, "бо мақсади дастгирии кишоварзон ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шароити пандемияи COVID-19 кишоварзон соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод мешаванд."

Қабули ин тарҳ аз сӯи вакилон дар ҳолест, ки кишоварзон муҳлати имтиёзро хеле кӯтоҳ медонанд. Деҳқонон мегӯянд, агар пардохт аз андози ягонаи замин на барои як сол, балки дастикам барои панҷ сол бекор карда мешуд, шояд дар танзими нархи маҳсулоту афзоиши тавлидоти кишоварзӣ мусоидат мекард.

Юсуф, деқоне аз ноҳияи Ваҳдат, гуфт, барои кишт дар майдони як гектар замин наздики 300 сомонӣ андози ягонаи заминро пардохт мекунад. "Ин хуб аст, вале танҳо барои як сол бисёр кам аст", -- гуфт ӯ.

Тарҳи озод намудани деҳқонон аз пардохти андози ягонаи замин, ҳанӯз се моҳ қабл эълон шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, имсол кишоварзонро аз андози ягонаи замин озод мекунанд.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон солона ҳудуди 200 миллион сомонӣ ё муодили тақрибан 20 миллион доллар аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумат дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷети давлат чора ҷӯянд, зеро ин маблағи каме нест.

Рӯзи 5-уми май Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, дар порлумон гуфт, ҷуброни ихтисори сарчашмаи даромадҳои буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андози ягонаи замин 139,8 миллион сомонӣ буда, аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

"Зиёд намудани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 139,8 миллион сомонӣ бо дар назардошти дурнамои афзоши ҳаҷми воридот бо афзоши арзиши гумрукии мол дар соли 2021 ва тағйирёбии қурби миёнаи пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст", -- афзуд Қаҳорзода.

Тоҷикистон бинобар молиёт ё андозҳои баланди худ аз сӯйи созмонҳои байнулмилалӣ танқид шудааст. Андозсупорандагон аз зиёд будани навъу миқдор ва печидагиҳои молиётдиҳӣ ва тафтишҳои пайиҳами нозирон шиква мекунанд.

Беш аз як сол аст, ки ваъдаи аз нав қабул кардани Кодекси андоз ва сабукӣ додан ба андоздиҳандагон садо медиҳад, аммо ҳанӯз амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG