Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обхезиҳои ахири Афғонистон 14 нафар кушта шуданд


26-уми августи соли 2020, вилояти Парвони Афғонистон. Сокини деҳаи Сайроҳи Ҳопиён дар харобаҳои манзили аз обхезиҳо нобудшудааш нишастааст
26-уми августи соли 2020, вилояти Парвони Афғонистон. Сокини деҳаи Сайроҳи Ҳопиён дар харобаҳои манзили аз обхезиҳо нобудшудааш нишастааст

Обхезиҳои ахир дар ғарби Афғонистон – вилояти Ҳирот боиси кушта шудани 14 нафар шуд. Ҷейлонӣ Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот гуфт, обхезиҳо рӯзи 3-юми май дар ноҳияи Адраскон шурӯъ шуд ва дар ин ноҳия чор кӯдакро об бурд. Ҳанӯз ҷасади ду кӯдак шиносоӣ нашудааст. Аксар вилояти Ҳирот давоми ду рӯзи гузашта бо боронгариҳои шадид ва обхезиҳои зиёд рӯбарӯ шуда, хонаҳои мардум, заминҳои кишт ва сохторҳои ҷамъиятӣ осеби зиёд дидаанд. Моҳи августи порсол дар 13 вилояти Афғонистон обхезиҳо боиси марги 150 нафар шуд. Ба иттилои OCHA – Оҷонсии СММ оид ба ёрии таъҷилӣ, дар соли 2019 дар паи обхезиҳои зиёд дар Афғонистон тахминан 180 ҳазор нафар ва 10 ҳазор манзил осеб дид.

XS
SM
MD
LG