Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат гуфт, дар як даргирӣ дар Афғонистон даҳҳо аъзои Толибон кушта шуданд


Канораҳои Кобул як рӯз баъди сӯхтори як нуқтаи сӯзишворӣ. 2 май
Канораҳои Кобул як рӯз баъди сӯхтори як нуқтаи сӯзишворӣ. 2 май

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар даргириҳои ду рӯзи гузаштаи миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён беш аз 100 ҷангҷӯ кушта шуданд. Илова ба ин, вазорат рӯзи 2-юми май гуфт, 52 узви дигари Толибон маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти вазорат дар бораи хисорот дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ чизе гуфта нашудааст. Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки задухӯрдҳои миёни Толибон ва нирӯҳои ҳукуматӣ дар чанд вилоят, аз ҷумла, ба истилоҳ, дар истеҳкоми Толибон – Қандаҳор ҳам рух дод. Дар ин вилоят нирӯҳои амрикоӣ, ки ба берун шудан аз Афғонистон шурӯъ карданд, рӯзи 1-уми май ҳамлаҳои ҳадафмандона анҷом доданд. Толибон то ҳол дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Моҳҳои охир дар Афғонистон мизони хушунатҳо миёни ду тараф, ки айни замон, гуфтугӯҳои сулҳро барои хатми низоъҳои 20-сола идома медиҳанд, афзоиш меёбад. Президенти ИМА Ҷо Байден моҳи гузашта амр дод, ки ҷараёни хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон 1-уми май шурӯъ шуда, то 11 сентябри соли ҷорӣ анҷом ёбад. Рӯзи 2-юми май низомиёни амрикоӣ урдугоҳ ё “Кампи Антоник”-ро дар минтақаи Ҳилманд ба нирӯҳои Афғонистон таслим карданд.

XS
SM
MD
LG