Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти аксбардори ҳирфаии тоҷик Аҳлиддин Исоев


Аҳлиддин Исоев, хабарнигор-аксбардори тоҷик.
Аҳлиддин Исоев, хабарнигор-аксбардори тоҷик.

Аҳлиддин Исоев, хабарнигор ва аксбардори ҳирфаии тоҷик рӯзи 29-уми апрел дар сини 70-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкасбонаш, ӯ аз чанд вақт ба ин тараф бемор буд. Маросими ҷанозаи ӯ имруз дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе баргузор мешавад.

Аҳлиддин Исоев давоми фаъолияти худ дар нашрияҳои "Ҳақиқат"-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), "Комсомоли Тоҷикистон", "Тоҷикистон советӣ" (ҳоло Ҷумҳурият), "Садои мардум" ва дигар расонаҳо ба сифати хабарнигор-аксбардор кор кардааст.

Ӯ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ ва Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон буд. Аҳлиддин Исоев унвони Корманди шоистаи Тоҷикистонро дошт.

XS
SM
MD
LG