Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони вилоятҳои Суғду Бодканд мушкили марзиро баҳс карданд


Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Суваналиев
Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Суваналиев

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мушкили вобаста ба марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Дар ҳафтаҳои охир намояндагони ду кишвар якдигарро барои рабудани наврасон дар сарҳад ва тақсими нодурусти об муттаҳам мекунанд.

Мулоқот рӯзи 28-уми апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, гуфт, суҳбат ду соат идома кард. Вай афзуд: "Раҷаббой Аҳмадзода аз амалкарди ғайриқонунии намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду ноболиғи маҳаллаи Кулики ҷамоати Ворух изҳори нигаронӣ карда, талаби баҳои ҳуқуқиро намуд."

Ба қавли ӯ, намояндагони мақомоти Бодканд низ аз рабуда шудани ду сокини ҳамин вилоят дар Тоҷикистон ёдовар шудаанд.

Мулоқоти раисони вилоятҳои ҳаммарз дар ҳоле баргузор шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи 28-уми апрел сафири Қирғизистон дар Душанбе Жениш Рустамбековро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд.

Аз он пеш, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон низ ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супурда буд.

Дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон сари чанд вақт нофаҳмӣ ва муноқишаҳо сар мезананд. Минтақаҳои баҳснок ва номуайянӣ дар хатти марз сарчашмаи ихтилофҳо гуфта мешавад.

Ду кишвар беш аз 900 километр сарҳад доранд, аммо қисме аз онро солҳо боз таъину аломатгузорӣ карда наметавонанд.

XS
SM
MD
LG