Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 1 млн моя ваксинаи чинӣ харид


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон як миллион моя ваксинаи чинии зидди коронавирус -- "Sinopharm"-ро, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб истеҳсол шудааст, харидорӣ кард.

Дар Вазорати тандурустии Қазоқистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ваксинаи мазкур бо сармоягузории бунёди "Самрук-Казина" харидорӣ шуда, бо он нахуст кормандони ширкатро эм хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи "Самрук-Казина", мояҳои харидоришуда барои эм кардани 500 ҳазор одам мерасад. Дар хадамоти матбутии бунёд гуфтанд, ки истеҳсолкунандаи ваксинаро "Самрук-Казина" интихоб накардааст.

Ба иттилои сомонаи ширкати қазоқии "СК-Фарматсия", ваксинаи "Sinopharm"-ро ширкати "Gulf Pharmaceutical Industries Julphar" дар АМА истеҳсол мекунад ва онро Пажӯҳишгоҳи маҳсулоти биологии шаҳри Пекин коркард кардааст.

​Бунёди сарвати миллии "Самрук-Казина" соли 2006 бо роҳи муттаҳидсозии даҳҳо ширкати бузург таъсис ёфта, ҳаҷми сармояи он 63 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар сомонаи ширкат, ҳадафи он "баланд бардоштани сарвати миллии Қазоқистон ва таъмини устувори дарозмуддат барои насли оянда" гуфта шудааст.

Мақомоти Қазоқистон то имрӯз иҷозат додаанд, ки сокинон танҳо бо ду ваксина - "Спутник V"-и русӣ ва "QazCovid-in"-и қазоқӣ эм шаванд.

XS
SM
MD
LG