Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони СПАД хатарҳои баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро баҳс кардаанд. ВИДЕО


Ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Душанбе. Қасри Миллат-27.04.2021
Ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Душанбе. Қасри Миллат-27.04.2021

Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва эҳтимоли қувват гирифтани нерӯҳои террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд. Нишаст рӯзи 27-уми апрел дар Душанбе баргузор шуд. Раванди берун рафтани 2500 сарбози амрикоӣ аз Афғонистон дар аввали моҳи май расман оғоз хоҳад шуд.

Паси дарҳои баста чӣ гуфтанд?

Станислав Зас, дабири кулли СПАД, рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, вазирони дифоъ масоили амниятиву низомӣ, чолишу таҳдидҳо ва роҳҳои чӣ гуна аз байн бурдани онҳоро баҳс карданд.

Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё дар ҷаласа мавзӯи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон матраҳ шудааст ё не, Зас гуфт:

"Бале, берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон оғоз шудааст ва бечунучаро дар давоми ҳамин сол иттифоқ меафтад. Албатта, ин амр барои вазъияти Афғонистон ва кишварҳои атрофи он хатарҳои иловагӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, мо пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон, ки шояд пеш меоянд, бо изтироб интизорем."

Зас гуфт, ду рӯз марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат кард

Дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СПАД ҳамчунин гуфта шудааст, баъд аз рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон барои кишварҳои узв зарурати андешидани чораҳои иловагии амниятӣ пеш меояд.

Дабири кулли СПАД афзуд, ҳафтаи гузашта ду рӯз дар ду нуқтаи марзи Тоҷикистону Афғонистон вазъиятро шахсан омӯхтааст.

Ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Ба гуфтаи Станислав Зас, "дар ҳарду минтақаи марзии Шӯрообод ва Қалъаи Хумб вазъият назорат мешавад, вале хеле мушкил ва хатарзо аст. Масалан, дар Шӯрообод кӯшишҳои идомаёбандаи қочоқи маводи мухаддир ба мушоҳида мерасад, ки ҳамаи ин бо задудхӯрдҳои мусаллаҳона анҷом меёбад. Муттаассифона, мавридҳои қурбон шудани одамон ҳам ҳаст."

Нерӯҳои амрикоӣ аз кадом роҳ берун мераванд?

Хабарнигорон аз дабири кулли СПАД дар бораи тавассути кадом роҳ берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ пурсиданд. Ӯ гуфт, "масирҳои интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз қаламрави кишварҳои узви СПАД дар ин ҷаласа матраҳ нашуд".

Аммо коршиносони тоҷик эҳтимоли хуруҷи ин нерӯҳоро тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур намедонанд.

Илҳом Назриев, хабарнигори тоҷик, ки масоили Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад, гуфт, Вашингтон ба далели ноамнӣ дар Покистон наметавонад нерӯҳояшро тариқи ин кишвари ҳамсояи Афғонистон берун барад.

“Посухи Станислав Зас ба он маънист, ки ҳанӯз маълум нест, кишварҳои узви созмон барои баровардани қувваҳои амрикоӣ ҳудуди худро пешниҳод мекунанд ё не. Ҳоло маълум нест. Эҳтимол дорад, Амрико қаламрави Узбекистонро истифода кунад, ки ин кишвар узви СПАД нест. Эҳтимол дорад, Амрико танҳо аз роҳи ҳавоӣ истифода кунад, ки гаронтар аст”, -- шарҳ дод ӯ.

Созиши нави Тоҷикистону Русия

Пас аз анҷоми ҷаласаи вазирони дифои СПАД мулоқоти дуҷонибаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви ин созмон паси дарҳои баста сурат гирифт.

Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, вазирони дифои Тоҷикистону Русия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу низ дар бораи таъсиси низоми муштараки минтақавии зиддиҳавоӣ тавофуқ кардаанд. Ҳадафи таъсиси чунин як низом пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии террористӣ аз ҷануб ба Тоҷикистон ва дар умум ба ҳавзаи кишварҳои узви СПАД унвон шудааст.

Созмони зери чатри Маскав

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви созмон ҳастанд.

СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст".

Чанд вақт пеш ин ниҳод изҳор дошт, ки дар ҳалли низои миёни Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст. Дар ин созмон нақши асосӣ ба Русия нисбат дода мешавад ва ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ доштани нуфузи Маскав дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ аст.

XS
SM
MD
LG