Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи вазирони дифои СПАД бо раёсати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ.

Имруз, 27-уми апрел дар "Кохи афсарон"-и Душанбе мулоқоти вазирони дифои кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешавад.

Ба иттилои бахши иттилооти СПАД, дар назар аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Ҷаласаҳои баъдиро вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо раҳбарӣ хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш вазирони дифои кишварҳои узв ва низ дабири куллии СПАД Станислав Зас ширкат доранд.

Дабири куллии СПАД чанд рӯз қабл ба Тоҷикистон омад ва аллакай аз минтақаи марзии Дарвоз дидан кард. Моҳҳои ахир минтақаи Дарвози Афғонистон ҳаммарз бо Дарвози Тоҷикистон шоҳиди даргириҳои хунин миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон будааст. Гуфта мешавад, ки дар миёни Толибон ҷанҷӯёни тоҷик низ ҳузур доранд.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш дар мавриди масоили амниятиву низомӣ, чолишу таҳдидҳо ва хунсосозии онҳо баҳс шавад. Ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси ин созмон баррасӣ мешавад.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқотҳои ҷудогона дошта бошад.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст".

Ахиран, ин ниҳод мегӯяд, дар ҳалли низои Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст. Дар ин созмон нақши асосӣ бо Русия аст ва ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ дошти нуфузи Маскав дар қаламрави Шӯравии пешин дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG