Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар мизбони низомиёни Амрико мешаванд?


Сарбозони амрикоӣ дар Қирғизистон. Акс аз соли 2009

Бар асоси гузоришҳои расида, ҳукумати ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи мустақар кардани нерӯҳояш пас аз хуруҷ аз Афғонистон гуфтугӯ дорад. ИМА ҳангоми оғози амалиёт дар Афғонистон аз хоки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода карда буд.

Бархе аз расонаҳо менависанд, ки Амрико саъй дорад, пас аз берун шудани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон қисме аз онҳоро дар Осиёи Марказӣ ҷой кунад.

Низомиёни Амрико 20 соли боз дар хоки Афғонистон қарор доранд. Пас аз ҳамлаҳои террористии 11 -уми сентябр ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар охирҳои соли 2001 дар кишварҳои минтақа пойгоҳҳои ҳарбӣ таъсис дод, то аз тариқи он ба амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон кӯмак кунад.

Рӯзномаи "The New-York Times" рӯзи 15- уми апрел навишт, ки Ҳукумати ИМА бо мақомоти кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон дар бораи имкони истифодаи пойгоҳҳо дар ин минтақа мулоқот кардааст.

Энтони Блинкэн, вазири умури хориҷии ИМА ҳам дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки рӯзи 22 –юми апрел бо Вазирони корҳои хориҷии Узбекистон ва Қазоқистон гуфтугӯ кардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин мулоқот мавзӯи вуруди нерӯҳои Амрико ва НАТО матраҳ шуд, ё на.

Агар байни Вашингтон ва кишварҳои минтақа тавофуқе ҳосил шавад, ин аввалин вуруди нерӯҳои Амрико ва дигар кишварҳои НАТО ба қаламрави Осиёи Марказӣ нахоҳад буд.

Бори охир нерӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ аз соли 2001 то 2014 аз пойгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кардаанд, аммо ин таҷриба ба хубӣ анҷом наёфт.

Ҳоло мақомоти расмии Амрико ва НАТО якчанд баҳонаи хубе барои дубора дар миён гузоштани мавзӯи бозгашти низомиёнашон бо кишварҳои минтақаро доранд.

Қаблан он ҷо буданд

Пас аз ҳамлаҳои террористии Ал-Қоида ба Иёлоти Муттаҳида дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001 Вашингтон бо мақомоти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон тамос гирифта, нақши Осиёи Марказӣ дар маъракаи низомии зидди гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистонро бо раҳбарии Амрико матраҳ кард.

Қабул шудани ин пешниҳод аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он замон чанд сабаб дошт.

Ба истиснои Туркманистон - чаҳор кишвари дигарро вазъ дар марзи ҷанубу шарқи Афғонистон шадидан нигарон карда буд. Зеро гуруҳи Толибон наздикиҳои марзи ин кишварҳо фаъол шуда, таҳдидҳо афзоиш ёфта буд.

Нерӯҳои Толибон моҳи августи соли 1998 ба шаҳри Ҳайратон расиданд, ки дар канори дарёи Омӯ, дар наздикии марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Баъди як моҳ онҳо Шерхон-Бандарро ишғол карданд, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад.

Сабаби дигари ба осонӣ розӣ шудан ба пешниҳоди Амрико ҳам ин буд, ки маъракаи муборизаи Амрико дар Афғонистон пуштибонии ҷаҳонӣ дошт. Ҳамчунин ИМА дар солҳои 90-уми асри гузашта аз кишварҳои кӯмакрасон барои Осиёи Марказӣ буд.

Барои мисол, Иёлоти Муттаҳида, яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти панҷ давлати Осиёи Марказиро эътироф карда, бо ин кишварҳо робитаҳои дипломатӣ ба роҳ монд.

Дастгирии Вашингтон аз мустаъқилият ҳукуматҳо дар минтақаро бовар кунонд, ки онҳо аз Маскав вобаста нестанд.

Ҳамчунин раҳбарони тамоми кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба ҷуз президент Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои 1990 расман ба Вашингтон даъват шуданд. (Раҳмон то ба ҳол бо сафари расмӣ ба Амрико нарафтааст.)

Иёлоти Муттаҳида аз бузургтарин кишварҳои дастраскунандаи кӯмакҳои башардустона ба Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 буд.

Ба ин тартиб, кишварҳои навтаъсиси Осиёи Марказӣ аз ин имконият чун посух ба “хубиҳои” Амрико истифода бурданд ва ҳамзамон ба ин хулоса омаданд, ки ҳамкорӣ бо ИМА ва шарикони ӯ, метавонад онҳоро аз як хатари ҷангҷӯёни исломии Афғонистон, ки таҳдиди ҷиддие барои амнияти минтақа дониста мешавад, раҳо кунад.

Вазъ то ҳодисаҳои 11 -уми сентябр

Баробари расидани пойи Толибон ба минтақа таҳдид ба амният боиси нигаронии шадиди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Туркманистон, ки ба сиёсати бетарафонаи худ идома медод, тавонист бо гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла бо Толибон, як навъе алоқа барқарор кунад. Аммо бидуни гирифтани ягон уҳдадорӣ ва ҳам бе овардани хашми ҷангҷӯён.

Аммо Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҳаракати таҳти раҳбарии ҳамтаборони худ, фармондеҳи тоҷиктабори Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва генерали узбектабор Абдулрашид Дӯстум ҷонибдорӣ карданд.

Ҳатто моҳи марти соли 1997, тақрибан пас аз як соли гирифтани Кобул, Толибон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурданд, ки гуруҳҳои низомии афғон аз Тоҷикистон ва Узбекистон кумак мегиранд. Онҳо аз он нигаронӣ карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Масъуд иҷозаи мустақар кардани ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҷануби Тоҷикистонро додааст.

Пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон аз Афғонистон эҳтимоли ҳамлаи гуруҳҳои тундрави исломгаро ва пайравони онҳоро ба ин кишварҳо бештар кард.

Соли 1996 вақте Толибон Кобулро ишғол карданд, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбекистон муттаҳид шуданд. Душмани муштарак кишварҳои минтақаро ба таври бесобиқа ба ҳам наздик кард.

Тобистони соли 2001 толибон қариб 95 дар сади Афғонистонро таҳти назорати худ қарор доданд.

Сарбози амрикоӣ дар Хонободи Узбекистон
Сарбози амрикоӣ дар Хонободи Узбекистон

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама ҳукуматҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон манфиатдор буданд, ки иҷоза диҳанд, дар амалиётҳои ҳарбии зидди Толибон ва гуруҳҳои дигари террористӣ аз қаламрав ва пойгоҳҳои низомии онҳо истифода шавад.

Ҳамин тавр, низомиёни ИМА ба пойгоҳи Хонободи Узбекистон, фурӯдгоҳи Бишкеки Қирғизистон ва барои як муддати кӯтоҳ дар фурӯдгоҳи Кӯлоби Тоҷикистон мустақар шуданд. Зимнан маҳз аз фурӯдгоҳи Кӯлоб Аҳмадшоҳи Масъуд ҳавопаймоҳои ҷангии худро барои ҳамла ба душманонаш истифода мекард.

Шарикони НАТО ҳам дар Осиёи Миёна мустақар буданд

Олмон дар як пойгоҳ дар наздикии Тирмизи Узбекистон ва нерӯҳои фаронсавӣ аз фурӯдгоҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Ҳамкории нав ба зудӣ натиҷа дод. Моҳи ноябри соли 2001 раҳбари маъруфи Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҷумъаи Намангонӣ дар як ҳамлаи ИМА дар вилояти Қундузи Афғонистон, кушта шуд ва ин гуруҳи террористии дӯст бо Толибон дар Осиёи Марказӣ шикаст хурд. Аъзоёни гурӯҳ ба Покистон фирор карданд.

Ба ин тартиб марзҳои Осиёи Марказӣ дар қисмати ҷануб барои муддате бехатар шуданд. Аммо вазъ дар дохили Афғонистон ноором буд ва аз ҷамъ омадани Толибон дар гуруҳҳо рӯшан шуд, ки ба ин зудиҳо оромӣ ба даст намеояд.

Дар ин миён масъалаи идомаи ҳузури нерӯҳои Амрикоӣ ва ҳампаймонҳои ӯ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳсбарангез шуд. Махсусан барои Русия, ки аз ширкати кишварҳои минтақа дар амалиёти таҳти раҳбарии ИМА нороҳат буд.

Аз сӯйи дигар, барои Чин ҳам ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар марз бо ин кишвар, ҳарчанд бо теъдоди нисбатан кам, вале нохушоянд буд.​

Лаҳзаи Худоҳофизӣ фаро расид

24-уми марти соли 2005 президенти собиқи Қирғизистон, Аскар Акаев дар пайи як эътирози оммавӣ аз мақомаш барканор шуда, кишварро тарк кард. Пас аз инқилоб дар Гурҷистон дар соли 2003 ва Украина дар соли 2004 ин охирин “инқилоби рангаӣ” дар кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки барои раҳбарони худкомаи аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ нороҳату нигаронкунанда буд. Акаев ҳам мисли президентҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон баробари ба мустаъқилият даст ёфтани кишвараш дар соли 1991 ба сари қудрат омад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон соли 1992 дар курсии раҳбарӣ нишаст.

Баъдан, эътирози осоишта дар шаҳри Андиҷон, қисмати шарқии Узбекистон дар тобистони соли 2005 ба низоъ ва рӯйдодҳои хунин печид.

Эътирозгарон аз сӯйи мақомот бо зӯриву бераҳмӣ саркуб шуданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи эътирозгарони майдон оташ кушоданд ва бовар меравад, ки садҳо нафар дар ин рӯйдодҳо кушта шудаанд.

Садҳо нафар дар Андиҷони Узбекистон дар соли 2005 кушта шуданд.
Садҳо нафар дар Андиҷони Узбекистон дар соли 2005 кушта шуданд.

Ин вазъ ҳам сабаб гашт, ки Вашингтон сиёсати худро бознигарӣ кунад. Ҳукумати Амрико ва Аврупо истифодаи артиш аллайҳи эътирозгарон дар Узбекистонро шадидан маҳкум карда, хостори таҳқиқи байналмилалӣ ва мустақилонаи ҳодисаҳои хунин шуданд. Дар посух Тошканд аз Амрико хост, пойгоҳи Қаршӣ-Хонободро тарк намояд.

Соли 2005 дар ҷараёни нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонҳой Чин ва Русия аз мавқеи Узбекистон ҷонибдорӣ ва дар таҳияи изҳороте ба ӯ кӯмак карданд, ки дар он гуфта мешуд, бояд барои берун бурдани низомиён аз пойгоҳҳои кишварҳои узви ШОС мӯҳлат муайян карда шавад.

Нерӯҳои ҳарбии Амрико то охири соли 2005 ҳудуди Узбекистонро тарк карданд. Ҳарчанд сарбозони олмонӣ дар Тирмиз монданд. Шумори низомиёни НАТО дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳам кам шуд. Соли 2014 охирин сарбозон аз Тоҷикистон рафтанд. Пойгоҳи ҳарбии Амрико дар фурӯдгоҳи Бишкек пайваста мавриди интиқоди сиёсатмадорони қирғиз қарор мегирифт ва зери таъсири Русия фаъолияти ин пойгоҳ ҳам соли 2014 қатъ шуд.

Нерӯҳои ИМА аз соли 2002 то 2014 дар пойгоҳи ҳавоии Манас дар Бишкек мустақар буданд ва дар ин муддат дар ин кишвар ду инқилоб ва низоҳои хунини байни миллатҳо рӯх дод. Ҷойнишини Акаев, Қурмонбек Боқиев соли 2009 ба Маскав ваъда дода буд, ки бар ивази кумакҳои молӣ пойгоҳҳои ИМА-ро аз ҳудудаш берун мекунад, аммо ин корро накард ва масъалаи арзиши маблағи иҷораи пойгоҳро бо Амрико аз нав матраҳ намуд. Ин ҳам хашми Маскавро овард.

Соли 2010 Боқиев аз қудрат дур карда шуд. Аммо нерӯҳои Амрико 4 соли дигар он ҷо монданд. Шояд ҳамин таҷриба дар Қирғизистон ва мухолифати шадиди Маскав сабаб шуд, ки мақомоти Амрико дар гузориши New York Times аз Қирғизистон ҳамчун макони эҳтимолӣ барои ҷой кардани низомиён ёдовар нашудаанд.​

Нигарониҳо аз ояндаи вазъ дар минтақа

Дар даҳсолаи охир бо коҳиш ёфтани низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон ва ба дӯши Кобул вогузор шудани таъмини амният, нооромӣ ва ҳамлаҳои маргбор дар саросари ин кишвар афзоиш ёфт.

Ноҳияҳои ҷанубии ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки баъди омадани нерӯҳои амрикоӣ дар давоми беш аз 10- сол орому амн буданд, дар 7-8-соли ахир бо бад шудани вазъ дар қисмати шимоли Афғонистон дубора ба хатар рӯ ба рӯ шудаанд.

Минтақаҳое, ки дар шимоли Афғонистон бо Туркманистон ва Тоҷикистон ҳаммарзанд қисман, ё пурра таҳти идораи Толибон қарор доранд. Ҷангиёни гуруҳҳои дигар ҳам дар ин минтақа гаштугузор мекунанд. Ин вазъ ҳам кишварҳои Осиёи Марказиро, ки марзи муштарак бо Афғонистон доранд, асабонӣ ва нигарон кардааст.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шимол пайваста аз боздошту куштори шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон дар вилоятҳои ҳаммарз бо ин кишварҳо хабар медиҳанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад.

Онҳо ҳамчунин бо шаҳрвандони Узбекистон дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб ва Бодғис, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, меҷанганд.

Дар шимоли Афғонистон созмони дигари тундрав бо номи “Ҷундуллоҳ” фаъол аст. Ҳамчунин як шохаи "Давлати исломӣ" бо номи "Давлати исломии Хуросон" аз соли 2014 дар минтақаҳои шарқ ва баъдан шимоли Афғонистон ба фаъолият оғоз кард.

Шумори дақиқи ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон маълум нест, аммо сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов моҳи феврали соли 2019 дар як сӯҳбаташ гуфт, дар шимоли Афғонистон то 3000 ҷангҷӯи “Давлати исломии Хуросон” қарор дорад.

Чунд рӯз пас, генерали тоҷик, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ теъдоди ҷангҷӯён дар ин минтақаро 16 700 нафар гуфт, ки 6 370 нафараш, ба гуфтаи ӯ, зархаридони хориҷӣ ҳастанд.

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия соли 2019 дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон ва наздик ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд. Вай аз ҳузури тақрибан 5 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ ба минтақаҳои шимолии Афғонистон нигаронӣ кард.​

Чаро ҳузури пойгоҳҳои Амрико то ҳол муҳиманд?

Зоҳиран, имрӯз вазъи Афғонистон аз солҳои 90-уми асри гузашта фарқи зиёд надорад. Толибон дубора дар бархе аз минтақаҳои наздик ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол мешаванд. Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дубора пайвастани шаҳрвандонашон ба ин гуруҳҳо дар шимоли Афғонистон сахт нигарон кардааст.

Ин дафъа ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо Толибон бархурди дигар мекунанд. Онҳо дар созишномаи сулҳ миёнаравӣ мекунанд ва умед доранд, ки ҳатто агар сулҳ ҳам ба даст наояд, метавонанд бо ин гурӯҳ, “забон ёбанд” ва нагузоранд, то тундгароёни дохилии Осиёи Марказӣ Афғонистонро барои ноором кардани минтақа истифода кунанд.

Ҳоло кишварҳои Осиёи Маказӣ метавонанд барои истифодаи пойгоҳҳо аз сӯйи низомиёни Амрико муваққатан иҷоза диҳанд, аммо бо ин ҳадаф, ки ин пойгоҳҳо барои мубориза бо гуруҳҳои тундрави Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон кӯмак кунанд. Ҳатто агар Толибон ба ин мухолифат кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Русия дар Қирғизистону Тоҷикиситон пойгоҳи низомӣ дорад ва ҳатто Чин дар кӯҳҳои шарқи дурдасти Тоҷикистон, наздик ба мантиқаҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон пойгоҳи хурд дорад. Ҳарду кишвар якҷо бо низомиёни Тоҷикистон зидди қочоқбарони маводи мухаддир амалиёт анҷом медиҳанд.

Аммо ин пойгоҳҳо марзи Тоҷикистонро бештар аз гуруҳҳои калони террористӣ ҳимоя мекунанд ва бо вуҷуди ҳама пулу таҷҳизот ва кӯмаке, ки Маскав, Пекин ва дигарон барои назорати сарҳад ба Тоҷикистон мекунанд, ҳанӯз ҳам гуруҳҳои хурд марзи Афғонистонро убур карда, ба хоки ин кишвар ворид мешаванд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, агар Тоҷикистон барои истифодаи пойгоҳҳои низомии худ ба сарбозони ИМА иҷоза диҳад, аввалин кишваре хоҳад буд, ки ҳамзамон мизбони пойгоҳҳои низомии 3 кишвар, Русия, Чин ва ИМА мешавад.

Қаблан, вақте Қирғизистон ҳамзамон низомиёни Амрико ва Русияро дар қаламраваш иҷоза дод ва Тоҷикистон дар як замон ҳам сарбозони НАТО ва ҳам Русияро қабул кард, барои бисёриҳо тааҷубовар буд.

Дар Узбекистон пойгоҳи низомии Русия ҳузур надорад ва ин кишвар - ба фарқ аз дигар ҳамсояҳои худ узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Русия нест.

Аммо ин кишвар ба созишномаи дуҷонибаи низомӣ умед дорад. Мизбонии сарбозони ИМА дар ин кишвар барои ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ, ки дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, муҳим дониста мешавад. Ин тасмим ҳамчунин ба Тошканд имкон медиҳад, қарор дар бораи ворид шудан ба узвияти СПАД-ро ба таъхир андозад.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он, ки ба афғонҳо дар мубориза бо Толибон кумак мекунанд, мехоҳанд, дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пойгоҳҳои низомӣ дошта бошанд. Дар Эрон албатта, чунин имкон вуҷуд надорад, шонси роҳ ёфтан ба Покистон ҳам кам аст. Бинобарин интихоб сари кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор мегирад.

Аз сӯйи дигар, ягон ҳамсояи Афғонистон, ки дар тули 20 соли ахир ба Кобул дар ин нооромиҳо кӯмак мекунанд, намехоҳанд, ки пас аз хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ва ҳамтоёнаш дар ин кишвар мисли Ироқ бесуботӣ сар занад. Зеро ин ба кишварҳои ҳаммарзи он ҳам хатар таҳдид мекунад.

Барои зарурати ҳузури нерӯҳои Амрико ва низомиёни дигари хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ як сабаби дигар ҳам ҳаст.

Соли 2008, вақте муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Покистон сард шуд, Вашингтон ва ҳампаймононаш Шабакаи Шимолии икмолот (NDN) -ро таъсис доданд, ки аз тариқи Аврупо ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯҳояшон дар Афғонистон кӯмак мерасониданд.

Ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва пуштибонии ин кишвар аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина муносибат бо кишварҳои ғарбиро сард кард ва ин кишвар соли 2015 қарордоди интиқоли бор барои созмони НАТО тариқи хокаш ба Афғонистонро қатъ кард.

Интиқоли борро Шабакаи Шимолии Икмолот (NDN) аз тариқи Гурҷистон ва Озарбойҷон тавассути баҳри Хазар ба Қазоқистону Узбекистон то Афғонистон идома дод.

Ин шабака аз ин масир на танҳо таҷҳизоти худро ба Афғонистон ворид кард, балки пас аз қарори коҳиши неруҳо техникаҳои низомии худро аз ин роҳ берун кард.

Шабакаи Шимолии Икмолот аз ҷониби низомиёни хориҷӣ истифода хоҳад шуд. Амрико тасмим дорад, 11-уми сентябри имсол Афғонистонро тарк кунад, вале қарор аст, ки аз ин роҳ ба ҳукумати Афғонистон барои кӯмак лавозимот ворид кунад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG