Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беш аз 6000 ҷангҷӯи хориҷӣ дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд" ВИДЕО


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз таҷаммӯи беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар доданд.

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми феврал гуфт, ки дар вилоятҳои Бадахшону Кундуз ва Тахори Афғонистон тамрингоҳҳои террористон бештар шудааст.

Изҳороти ӯ дар нишасти сарони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе садо дод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Беш аз 6000 ҷангҷӯи хориҷӣ дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Афғонистон бо Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва хатти сарҳад на танҳо аз лиҳози амниятӣ, балки таҳдиди қочоқи маводи мухаддир ҳам доғ мемонад.

Ҷангҷӯёни ДИИШ, Толибон ва Ансоруллоҳ

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз ҷумла гуфт, дар ин вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон 16 ҳазору 770 ҷангҷӯ ҳузур доранд, ки 6 ҳазору 370 нафари онҳо хориҷиён ҳастанд. Ӯ афзуд, ҷангҷӯён дар 36 пойгоҳ тамрин мекунанд.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҷангҷӯёнро ба гурӯҳи "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистон шарқӣ" ва "Давлати исломӣ" марбут донист.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, дар нишаст таъкид кард, ки бо фарорасии баҳор гурӯҳҳои террористӣ фаъол мешаванд ва мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишварҳои минтақа бояд ҳамкориро дар ин росто тақвият бахшанд.

Дар пасманзари иддаои мақомҳои Русия

Изҳори назари фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар мавриди ҳузури ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ дар се вилояти шимолии Афғонистон дар ҳолест, ки тайи моҳҳои гузашта баъзе аз мақомдорони Русия ва матбуоти он кишвар вазъ дар сарҳадро "буғранҷ ва хеле хатарнок" тасвир карданд.

Дар изҳороти мақомҳои Русия иддао мешуд, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ҷангҷӯёни дигар ба тарафи марзи Тоҷикистон ҳаракат мекунанд.

Ба қавли онҳо, ҳадафи гурӯҳҳо ҳамла ба қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аст, ки зери нуфузи Русия мебошад.

Аз ҷумла, Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия рӯзи 28-уми январи имсол гуфт, ҷангҷӯёни ДИИШ "ба таври густурда... ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд".

Вазир: Вазъият муътадил аст

Аммо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи таҷаммӯи гуруҳҳои террористӣ ва ҳаракати онҳо аз ҷануб ба шимоли Афғонистон маълумот надоранд. "Изҳороти намояндагони баъзе аз кишварҳоро тасдиқ карда наметавонем. Мо дар масъалаҳои амниятӣ бо ҳукумати Афғонистон ҳамкории хуб дорем. Вазъият дар сарҳади мо муътадил аст", - афзуд ӯ.

Афғонистон бо Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва хатти сарҳад на танҳо аз лиҳози амниятӣ, балки таҳдидҳои қочоқи маводи мухаддир ҳам доғ мемонад. Тоҷикистон ба таъкид мегӯяд, ки тавони таъмини амнияти марзҳояшро дорад.

Аз соли 2005 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон масъулияти назорат дар марзро аз Русия ба ӯҳдаи худ гирифтаанд. Вале тавре мунтақидон мегӯянд, талоши русҳо барои бозгашт ба ин қаламрав ҳеч гоҳ кам нашудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG