Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SIPRI: Соли 2020 хароҷоти низомӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфт


Як саҳифаи гузориши SIPRI дар бораи кишварҳои аслии харҷкунандаи буҷаҳои ҳангуфти низомӣ
Як саҳифаи гузориши SIPRI дар бораи кишварҳои аслии харҷкунандаи буҷаҳои ҳангуфти низомӣ

SIPRI ё Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм дар гузориши наваш мегӯяд, соли 2020 бо вуҷуди пандемияи коронавирус хароҷоти низомӣ дар ҷаҳон назар ба соле аз он пеш 2,6 дарсад афзоиш ёфт. Ба ҳисобҳои SIPRI, хароҷоти низомӣ 1,9 триллион долларро ташкил додааст ва аксари хароҷотро Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба ӯҳда доштаанд. Ин кишварҳо, ба навишта муҳаққиқон, бахши муҳими хароҷоти низомиро ба тадбирҳои муқобила бо пандемияи коронавирус равона кардаанд. Дигар кишварҳо, аз ҷумла Бразилия ва Русия соли гузашта харҷи камтар кардаанд.

Диего Лопес да Силва, яке аз муаллифони ин гузориш гуфт, ки ин таҳаввулот ғайри қобили пешбинӣ будааст. Ӯ гуфт, “мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки пандемия ба хароҷоти ҷаҳонии низомӣ дар соли 2020 таъсири чандоне надоштааст”. Дар миёни кишварҳое, ки соли 2020 хароҷоти азими низомӣ доштаанд, ИМА, Чин, Ҳинд, Русия ва Бритониё ёд мешаванд. Дар маҷмӯъ ин кишварҳо 62 дарсади хароҷоти низомии сайёраро ба ӯҳда доранд.

ИМА 778 миллиард доллар харҷи низомӣ дошта, назар ба соли 2019 ин буҷа 4,4 дарсад бештар будааст. ИМА соли 2020 дар қиёс бо дигар кишварҳои сайёра 39 дарсади хароҷоти низомиро анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG