Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар гурдааш касал буд, чаро ба хидмат бурданд?" Марги мармузи сарбоз баҳс барангехт. ВИДЕО


Аксҳои Раҷабалӣ Назаровро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Аксҳои Раҷабалӣ Назаровро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Имрӯз дар бораи сарбозе суҳбат мекунем, ки дар як воҳиди низомӣ дар ноҳияи Мурғоб фавтидааст. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯро шояд латукӯб карда, ба марг расондаанд, вале табибон гуфтаанд, Раҷабалӣ Назарови 19-соларо касе назадааст ва ӯ бино бар авҷ гирифтани бемории гурда ва қалбаш дар ноҳияи баландкӯҳ ҷон додааст.

Барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо шарт, зарур ва ҳатмӣ aст, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ на кам аз 40-сола бошанд, бо собиқаи кории на кам аз 10 сол.
Як корбар

Баҳси зиёде дар бораи марги ин сарбоз аз ноҳияи Деваштич дар вебсайт ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграму Ютуб идома дорад ва суоли зиёде ҳам ҳаст, ки чаро баъзе ҷавононе ба мисли Раҷабалӣ Назаров ба хидмати ватан мераванду тани беҷонашонро ба волидонашон бармегардонанд.

Аз шарҳи корбаре бо номи "Шаҳрванд" оғоз мекунем, ки навиштааст, бепарвоӣ ҳангоми муоинаи тиббии сарбозон сабаби чунин фоҷиаҳо мешавад.

Шарҳаш чунин аст: "Ҳукуматдорон камтар фикр кунед! Ҳоло мегӯянд, командир ин корро кард ва ба сари ҳукумат мезананд. Сабаби асосӣ дар он дида мешавад, ки ҳукумат корро дуруст ба роҳ намондааст. Агар гурдааш касал буд, барои чӣ ӯро ба хидмат бурданд. Барои чӣ командир, ё масъулини қисми низомӣ саривақт болоро огоҳ накарданд, ки сарбоз бемории гурда дорад?"

Гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, шояд дар воқеъ минтақаи баландкӯҳ ба мисли ноҳияи Мурғоб, ки оксиген онҷо камтар аст, сабаби марги сарбози бемор шудааст. Чунин шарҳеро аз ҷумла корбаре бо номи "Алӣ Муаллим" дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст:

"Шахсан худам ҳоло дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ, қарор дорам ва медонам, ки дар Мурғоб дар ҳақиқат одами сиҳат зуд фишораш баланд шуда, аз пой меафтад. Шоҳиди чандин ҳодисаҳои шабеҳ шудаам, лекин шахс бояд зуд ба беморхона равад. Дар Мурғоб агар одами сиҳат бори аввал равад, зуд касал мешавад."

Наворро дар ин ҷо бинед:

"Бас аст, фиристодани ҷасадҳо аз артиш"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Шарҳи зиёде дар бораи маргу мири сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаст ва бисёре аз корбарон аз ҳукумат хостаанд, ин масъаларо ҷиддӣ бигирад ва нагузорад, онҳое, ки барои муҳофизати ватан мераванд, кушта шаванд.

Корбаре бо номи Анастасия дар вебсайти Радиои Озодӣ шарҳеро бо забони русӣ гузоштааст, ки ҳамроҳ мехонем: "Дар ҳама қисмҳои низомӣ камераҳои назоратӣ гузоред, то ҳарчӣ мегузарад, сабт шавад. Марг аз бемории гурда чӣ маънӣ дорад? Онҳоеро, ки агар ҷавонро зада куштаанд ва ё табибоне, ки ҷавони беморро ба артиш фиристодаанд, бояд ҷазо бигиранд. Бас аст, фиристодани ҷасадҳо аз артиш, охир волидон бачаҳои зиндаи худро мунтазиранд."

Гуруҳи дигаре гуфтаанд, ки воситаву хешутаборбозӣ ва таъйини афсарону фармондеҳони нолоиқ ба вазифа сабаби такрори чунин фоҷиаҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст. Шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки номашро нагуфтааст:

"То он даме, ки фармондеҳони қисми ҳарбӣ ба воситаи тағову пул мансаб мегиранд, чунин ҳолатҳо такрор мешаванд. Барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо шарт, зарур ва ҳатмӣ aст, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ на кам аз 40-сола бошанд, бо собиқаи кории на кам аз 10 сол. Дар солҳои аввали Артиши миллӣ фармондеҳон хатмкардаҳои донишкада ва донишгоҳҳои олӣ буданд, чунин ҳодисаҳо ангуштшумор буд, афсарони ба ном касбӣ омаданд, артиш якбора расво шуд."

Ба гуфтаи қисме аз корбарон, маҳз маргу мири сарбозон дар артиш аст, ки ҷавононро аз хидмат мегурезонаду мақомот маҷбур мешаванд, аз роҳи зӯрӣ ва ё "облава" бачаҳоро ба артиш баранд.

Пешниҳодҳо низ ҳаст, ки ҷазо барои бадрафторӣ дар сафи артиши Тоҷикистон, ки солҳост, як масъалаи доғ боқӣ мемонад, сахттар шавад, то аз ин роҳ пеши роҳи марги сарбозону маъюб шудани онҳоро бигиранд. Шарҳи корбареро, бо номи "Муҳоҷир" аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем:

"Барои ҳамин, тамоми ҷавонони тоҷик аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик бояд ҷазоро барои бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ сахттар кунанд. Агар хоҳем, ки дар оянда нақшаи даъват бе камбудӣ иҷро шавад, бояд қисмҳои низомиро ба тартиб дарорем. Шахсони босавод ва масъулиятшиносро бояд дар қисмҳои низомӣ фармондеҳ таъин намоянд."

Шумо чӣ мегӯед, роҳи ҳалли мушкил чӣ ҳаст? Дар вебсайти Радиои Озодӣ нависед ва ё назаратонро дар видео бигӯед, ё садоятонро сабт кунед ва бифристед. Вотсап, Вайбер ва Телеграму ИМО дорем.
XS
SM
MD
LG